Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ричард Баучер ба Қирғизистон омад


Ёвари вазири хориҷаи ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ ҳини дидор бо раисиҷумҳури Қирғизистон
Ёвари вазири хориҷаи ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ ҳини дидор бо раисиҷумҳури Қирғизистон

Ричард Баучер, ёвари вазири хориҷаи ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, рӯзи ҷумъа бо сафари расмӣ вориди Бишкек шуд.

Оқои Баучер зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, вай ба Бишкек барои он омадааст, ки сӯҳбати шурӯънамудаи хонум Кондолиза Райс, вазири хориҷаи кишвараш, бо президент Боқиевро идома диҳад. Ёвари вазири хориҷаи Амрико гуфт, дар ҷараёни ин сӯҳбат вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Қирғизистону ИМА дар самтҳои мухталиф ва масъалаҳои амнияти минтақавӣ мавриди баҳс ва баррасии онҳо қарор гирифт.

Ричард Баучер афзуд, ки ба президент Боқиев роҷеъ ба вазъият дар Афғонистон, ҳамчунин тадобире, ки ахиран эътилофи зидди террор дар муқобили терроризми байналмилалӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ин кишвар пиёда намудааст, иттилоъ дод.

Ба таъкиди ин мақоми баландпояи вазорати хориҷаи ИМ мақомоти кишвараш назари мақомоти Қирғизистонро дар самтҳои мухталиф хеле муҳим арзёбӣ мекунанд ва Амрико аз тавсеъаи ҳамкориҳо бо Қирғизистон манфиатдор аст.

Ричард Баучер гуфт, ки дар мулоқот бо президент Боқиев ҳамчунин равобити Қирғизистон бо кишварҳои ҳамҷавори он низ матраҳ гардид. Ба гуфтаи ёвари вазири хориҷаи Амрико, кишваре, ки вай ба сар мебарад, аз манобеъи обу барқ хеле ғанист ва ин манобеъ имкон хоҳанд дод, ки Қирғизистогн дар минтақа дар мавриди тавлиди нерӯи барқ нақши муассир бибозад.

Аз Ричард Баучер пурсида шуд, ки оё арзёбии коршиносон дар мавриди он ки мақомоти кишвараш аз ҳузури нерӯҳои худ дар пойгоҳи Манас манфиатдор нест ва дар муқобили кишварҳои Осиёи Марказӣ стратегияи вижаро тарҳрезӣ кардааст.

Ба гуфтаи ёвари вазири хориҷаи Амрико, маълум нест, ки ин иттилоъҳо аз куҷо маншаъ гирифтаанд ва ҳар вақт ки ба минтақа ояд, шоҳиди чунин гуфтугузорҳо мегардад, ки асоси воқеъӣ надоранд. Вай гуфт, ин дар ҳолест ки ҳузури нерӯҳои эътилофи зидди террор ҳам барои Амрико ва ҳам барои кишварҳои минтақа муҳим аст.

Ричард баучер гуфт, кишвараш ҳадаф дорад, ки таҳдидҳо аз Афғонистон аз байн бурда шаванд ва суботи доимӣ ҳукмфармо гардад. Ин мақоми вазорати хориҷаи Амрико тазаккур дод, ки арзиши ҳузури нерӯҳои эътилоф маҳз дар таъмини амният хоҳад буд. Гуфта мешавад, ки дар барномаи сафари Ричард Баучер ба Бишкек мулоқоти вай бо намояндагони мухолифини ҳукумати Боқиев низ барномарезӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG