Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи баҳси мавзӯъи хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Ироқ


Вашингону Бағдод дигар фурсати хеле кам доранд, то ки мақоми нирӯҳои амрикоӣ дар хоки Ироқро муайян карда, созишномаи навро ба имзо расонанд.

Феълан, то охири сол яъне, нирӯҳои Амрико дар Ироқ таҳти сарпарастии СММ амал мекунанд, вале аз оғози соли нав бояд ки ҳузури ин нирӯҳо тибқи созишномаи дуҷонибаи миёни давлатҳо таъмин шавад. Аз сӯе бархе мегуфтанд, ки бозгашт зери чатри СММ як ҷараёни тӯлонӣ аст ва зоҳиран аксарият мутмаин буданд, ки шароити нигаҳдошти ин нирӯҳо бар асоси созишномаи миёни ду кишвар ташвиши камтар дорад.

Вале ин тавр нашуд. Дар марҳилаи кунунӣ, масъалаи асосӣ ин аст, ки оё дар матни созишномаи нав таърихи дақиқи хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ аз хоки Ироқ навишта хоҳад шуд ва оё, ин сарбозон дар баробари қонунҳои Ироқ ҷавобгарӣ хоҳанд дошт ё на.

Сухангӯи Пентагон Ҷеф Моррел зимни эълони хабари дастёбӣ ба як тааҳҳудоти пешакӣ аммо нагуфт, ки оё дар заминаи ин ҷузъиёти муҳим тарафҳо ба чӣ тасмиме расидаанд: "Таърихи рӯзи берун шудани нирӯҳои амрикоӣ аз хоки Ироқ дар ин санад навишта шудааст ва ман намехоҳам, ки ҳоло ба мӯҳтавои ин таърихҳо бипардозем, чунки ҳамаи онҳо шартӣ аст. Ин ҷо ҳеҷ зарбулаҷали махсус ва ё тасодуфан таъиншуда нест. Ин ҷо ҳадафҳое ҳаст, ки ба тавофуқи мо танҳо дар сурати фароҳам омадани шароити муносиб ба иҷро мерасад. Ва аммо ин чизест, ки ироқиҳо онро хеле зиёд мехоҳанд. Онҳо як кишвари мустақил ҳастанд. Ва мо аз ин талошҳои онҳо пуштибонӣ мекунем".

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти ироқиву амрикоӣ дар сӯҳбатҳои хусусӣ бо баъзе журналистон гуфтанд, ки қарордоди нав берун шудани нирӯҳои амрикоиро аз шаҳру манотиқи Ироқ дар миёнаҳои соли 2009 дар назар мегирад ва ба эҳтимоли ғолиб, ин ҷараёнҳо то охири соли 2011 идома хоҳад кард.

Инчунин ишора мешавад, ки тарҳи қарордод дар бораи салоҳиятҳои маҳдуди додгоҳҳои ироқӣ барои муҳокимаи низомиёни амрикоӣ ва сарбозони шартномавӣ дар сурати аз ҷониби онҳо поймол шудани қонун сӯҳбат мекунад. Маҳдуд будани салоҳиятҳо ба он хотир аст, ки додгоҳҳо мебояд танҳо баъди мувофиқати кумитаи муштараки ироқиву амрикоӣ иҷозаи кори онро содир кунанд.

Дар айни замон, сарбозони амрикоӣ ҳақ хоҳанд дошт, ки дар фурсати берун аз амалиёти низомӣ, ба боздошт ва ё кофтукови манзили муттаҳамони ироқӣ танҳо бо иҷозаи мақомоти Ироқ даст зананд. Ва ҳар нафари боздоштшуда бояд дар фурсати 24 соат ба мақомоти ироқӣ таслим карда шавад.

Ҳамаи ин шарту шуруте, ки зоҳиран дар тарҳи созишнома зикр шудааст, барои ҳарду ҷониб ҳам баҳсбарангез буда, қабули пурраи он чандон содда ба назар намерасад. Аз ҳамин сабаб аст, ки то ҳол тарафҳо барои пазириши ниҳоии он мувофиқа ҳосил накардаанд. Дар дохили Конгресс ҳам чанд нафари бонуфуз мухолифи қабули ин тарҳи созишнома мебошанд.

Масалан Сенатор Карл Левин аз Кумитаи нирӯҳои мусаллаҳ гуфт, ки зидди қабули ҳама гуна созишномаест, ки муҳокимаи сарбозони амрикоӣ ва занонро дар додгоҳҳо таҳти қонунҳои ироқӣ дар шароити як ҷанги пурҳарҷу марҷ дар назар мегирад. Дар Ироқ ҳам рӯзи ҷумъа тарафдорони Садр ба нишасти порлумон, ки баррасии тарҳи созишномаи мазкурро дар назар мегирифт, ҳозир нашуданд.

Ин гурӯҳи пуртарафдори иборат аз 30 вакил ҷонибдори пурра хоки Ироқро тарк кардани амрикоиҳо мебошад. Дар ҳоле, ки ҳанӯз сарнавишти ин созишнома мушаххас нест, тибқи муқаррароти Ироқ, раъи мувофиқи аксарияти ками аъзои 275-нафараи порлумон кофист, ки он мавқеъи қонуниро касб кунад.

XS
SM
MD
LG