Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико интихоботи Озарбойҷонро танқид кард


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, интихоботи раёсати ҷумҳури Озарбойҷон, беҳтар аз интихоботҳои гузашта буд, аммо мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифт. Ба гуфтаи масъулони интихобот, раиси ҷумҳури феълии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар ин корзори сиёсӣ пирӯз шуд. Интихоботи рӯзи чаҳоршанбе, 15 октябрро аҳзоби бонуфузи мухолифи давлат таҳрим карда ва гуфтаанд, ки ба далели набуди озодиҳои демократӣ ширкат дар интихобот бемаънӣ мебуд. Аҳзоби мухолиф ҳамчунин Амрико ва Иттиҳодияи Аврупоро танқид кардаанд, ки барои ислоҳоти демократӣ ба ҳукумати Озарбойҷон фишор наовардаанд. Озарбойҷон соҳиби захираҳои азими газу нафт дар ҷаҳон мебошад.
XS
SM
MD
LG