Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роналдо ва Зидан барои Тоҷикистон пул ҷамъ мекунанд


Барномаи рушди СММ - UNDP эълон кард, ки моҳи оянда ситораҳои ҷаҳонии футбол: Роналдои бразилӣ ва Зайниддини Зидани фаронсавӣ дар як қуваозмоии дӯстона ҳунарнамоӣ мекунанд.

Онҳо капитанҳои ду дастаи иборат аз футболбозони машҳур хоҳанд шуд ва қувваозмоии онҳо 17-уми ноябр дар шаҳри Фоси Марокаш ба вуқӯъ мепайвандад.

Силсилаи қувваозмоиҳои дӯстонаи ситораҳои ҷаҳонии футболро Барномаи рушди СММ дар чорчӯби лоиҳаи саросарии варзиш бар зидди камбағалӣ пиёда кардааст. Барномаи рушди СММ таъкид мекунад, ки ҳадафи асосии ин лоиҳа ташвиқи иҷрои барномаи ҳазораи СММ аст. Бар пояи он, шумораи мардуми камбизоати олам то соли 2015-ум бояд 50% коҳиш ёбад.

Ин қувваозмоии шашуми ситораҳои футбол аст. Барномаи рушди СММ дар байни солҳои 2008-2015 боз 8 ҳамин гуна ҳунарнамоии дигар танзим хоҳад кард.

Роналдо ва Зидан сафирони нияти неки СММ мебошанд.

Даромаде, ки аз ҳунарнамоиҳои дӯстона ба даст меояд, барои мубориза бо СПИД, маҳви камбағаливу гуруснагӣ, таъмини имкони таҳсил барои ҳама ва ҳамчунон ба хотири мубориза бо фавти модарону кӯдакон масраф мешавад. Роналдо иброз доштааст, ки барои иҷрои барномаи ҳазора дар мавриди мубориза бо камбағалӣ талоши бештар хоҳад варзид. Ба гуфти Роналдо дар ин қувваозмоиҳо ҳама пирӯз ҳастанд.

Барномаи рушди СММ мегӯяд, ки даромаде, ки то ин замон аз ҳунарнамоиҳои дӯстона ҳосил шудааст, барои татбиқи лоиҳаҳо дар Вйетнам, Намибия, Нигер, Шри-ланка ва Тоҷикистон харҷ шудааст.

XS
SM
MD
LG