Пайвандҳои дастрасӣ

Артиши Бритониё фармондеҳи нав ёфт


Normal 0

Генерали бритониёӣ Дейвид Ричардс, ки тарафдори фиристодани нерӯҳои зиёдтар барои мубориза бо Толибон дар Афғонистон аст, фармондеҳи нави артиши Бритониё таъйин шуд. Дейвид Ричардс – фармондеҳи собиқи нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон, мақоми раиси ситоди кулли фармондеҳии қувваҳои мусаллаҳи Бритониёро ишғол хоҳад кард. Вай ҳоло фармондеҳи нерӯҳои заминии кишвараш мебошад. Расонаҳои Бритониё аз қавли Дейвид Ричардс навиштаанд, ки барои ҷанг бо Толибон, ки аз нав ҷон гирифтаанд, 30 ҳазор сарбози тозанафас зарур аст.

XS
SM
MD
LG