Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қимати саҳҳом дар бозорҳои Аврупо афзуд


Normal 0

Қимати саҳҳом дар бозорҳои молии Аврупо субҳи имрӯз боло рафт, зеро сармоягузорон бо назардошти афзоиши қиматҳо дар бозорҳои молии Амрико ва Осиё ҷасуртар шудаанд. Қимати саҳмияҳо дар бозори бурси Порис тақрибан чаҳоруним ва дар Ландану Франкфурт то ду ва се дар сад боло рафт. Афзоиши қимати саҳмияҳо дар бозори Нйю Йорк ба бозорҳои бурси Ҷопон низ таъсири мусбат гузошт ва қимати саҳҳомро дар бозори бурси Токио то се дар сад афзуд. Вале таҳлилгарон мегӯянд, сармоягузорон ҳанӯз ҳам эҳтиёткор ҳастанд, зеро метарсанд, ки дар дарозмуддат иқтисоди ҷаҳонӣ ба рукуди амиқи иқтисодӣ дучор мешавад.

XS
SM
MD
LG