Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Себе аз биҳишт" барандаи ҷашнвораи "Дидор" шуд


Normal 0

"Дидор", ҷашнвораи севвуми байналмилалии синамо дар шаҳри Душанбе шоми дирӯз ба поён расид. Тайи 5 рӯз дар ин ҷашнвора 12 филми баланд ва 12 филми кӯтоҳ ба маърази тамошо гузошта шуд ва ҳам ин бор 16 филме, ки ҳунармандони тоҷик тайи 2 соли охир рӯи навор овардаанд, дар як озмуни алоҳида сабқат карданд.

Ҷоизаи асосии ин ҷашнвораро филми “Себе аз биҳишт”-и коргардони афғон Ҳумоюни Мурувват ва филми коргардони қирғиз Минтемири Бекназар бо номи “Роҳ ба ҳеҷ куҷо” бурдаанд.

Дар сабқати филмҳои тоҷикӣ дар фетивали “Дидор” филми кӯтоҳи “Хушбахтӣ”-и коргардон Алишер Хушвақтов сазовори ҷоизаи аввал шудааст.


XS
SM
MD
LG