Пайвандҳои дастрасӣ

Бузургтарин масҷиди Аврупо имрӯз боз мешавад


Normal 0

Имрӯз дар шаҳри Грозний, пойтахти ҷумҳурии ҷангзадаи Чеченистони Русия масҷидеро боз хоҳанд кард, ки қодир ба гунҷонидани 10 000 намозгузор буда, бузургтарин масҷид дар қораи Аврупо маҳсуб мешавад. Ин масҷид ба исми раҳбари 4 сол пеш кушташудаи Чеченистон Аҳмадҳоҷӣ Қодиров номгузорӣ шуда, маросими гушоиш таҳти раёсати фарзанди ӯ - раҳбари кунунии Чеченистон Рамазон Қодиров хоҳад гузашт. Сохтмони масҷиди Грозний 3 сол идома карда, ҳазинааш тақрибан 20 миллион доллар баровард мешавад.


XS
SM
MD
LG