Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА аз Тошканд озодии Абдураҳмоновро тақозо кард


Normal 0

САҲА мақомоти Узбакистонро дар истифодаи иттиҳомоти ҷаълӣ ба хотири ба зиндон андохтани хабарнигори мустақил Солиҷон Абдураҳмонов айбдор карда ва аз Тошканд даъват кардааст, ӯро раҳо кунад. Солиҷон Абдураҳмонов, ки барои як сомонаи иттилоотии интернетӣ ва ҳам бо Радиои Озодӣ ҳамкорӣ мекард, дар ҳафтаи гузашта бо ҷурми даст доштани дар тиҷорати маводи мухаддир ба 10 соли зиндон маҳкум шуд.

Миклош Ҳарастӣ, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот, рӯзи чоршанбе гуфт, парвандаи Абдураҳмонов одилона баррасӣ нашудааст.


XS
SM
MD
LG