Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҳми Роналдо ва Зидан дар мубориза бо фақр


Normal 0

Роналдо ва Зайниддин Зидан, футболбозони маъруфи тимҳои Бразилия ва Фаронса, рӯзи 17 ноябр дар варзишгоҳи шаҳри Феси Марокаш, ба нишони пуштибонӣ аз мубориза алайҳи фақру бенавоӣ ду тими иборат аз ситораҳои футболро ба майдон хоҳанд баровард.

Барномаи рушди СММ соли шашум аст, ки зери парчами мубориза бо фақр чунин бозии футбол доир мекунад.

Ин созмон гуфтааст, ин бозиҳо ҷузъе аз талошҳо ба хотири иҷрои Барномаи ҳазорсола аст, ки то соли 2015 ду маротиба коҳиш додани мизони фақр дар ҷаҳонро ҳадаф қарор додааст.

Барномаи рушди СММ мегӯяд, мафоди бадастомада аз бозиҳои пешини ситораҳои футбол сарфи барномаҳои мубориза бо фақр, дар кишварҳои қашшоқ, аз ҷумла Тоҷикистон, шудааст.


XS
SM
MD
LG