Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсифу танқиди Амрико аз интихоботи Озарбойҷон


Normal 0

Амрико интихоботи ду рӯз пеши раёсатҷумҳурии Озарбойҷонро дар муқоиса бо раъйгириҳои қаблӣ дар он кишвар беҳтар тавсиф карда, вале гуфтааст, ин маърака ҳамоно ҷавобгӯи меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ набуд.

Дар ин интихобот, ки аҳзоби мухолиф таҳримаш карданд, раисиҷумҳури феълии Озарбойҷон Илҳом Алиев баранда эълон шуд. Аҳзоби мухолиф ширкати худ дар интихоботро ба далели камбуди демократия ва озодии матбуот дар Озарбойҷон беҳуда хонда ва Амрикову Иттиҳодияи Аврупоро айбдор карданд, ки ба хотири манофеъи энержии худ Бокуро ба ислоҳот маҷбур намекунанд. Озарбойҷон яке аз бузургтарин захоири нафту гази ҷаҳонро дар ихтиёр дорад.
XS
SM
MD
LG