Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Гуфтугӯи ҳамкорӣ дар Осиё” имрӯз оғоз мешавад


Normal 0

Имрӯз дар Остона, пойтахти Қазоқистон, иҷлоси ҳафтуми вазирони умури хориҷаи тақрибан 30 кишвар дар чаҳорчӯби “Гуфтугӯи ҳамкорӣ дар Осиё” оғоз ба кор мекунад.

Ин нишаст масоили таҳкими ҳамкорӣ дар риштаҳои энерживу нақлиёт, молия, рушди фанновариҳои иттилоотӣ ва амнияти ғизоиро баррасӣ хоҳад кард.

Як мавзӯъи аслии баҳси вузаро дар Остона таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ба иқтисоди кишварҳои Осиё хоҳад буд.

Вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ дар пайи ширкат дар иҷлоси “Гуфтугӯи ҳамкорӣ дар Осиё”, рӯзи 17 октябр дар ҳамоиши вузарои хориҷаи кишварҳои муслмонӣ ва ғарбӣ таҳти унвони “Ҷаҳони Ислом ва Ғарб” ширкат хоҳад варзид.


XS
SM
MD
LG