Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшаи таҷдиди сохтори "Тоҷик Эйр" тасвиб шуд


Normal 0

Ҳукумати Тоҷикистон барномаи ислоҳоти сохтории ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр”-ро тасвиб кард. Тибқи ин барнома, дар заминаи “Тоҷик Эйр” 6 ширкати алоҳида таъсис хоҳад ёфт. Ҳамин тавр, фурудгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд ва Кӯлобу Қӯрғонтеппа 4 ширкати ҷудогона шуда, умури идораи парвозҳоро ширкати “Тоҷикаэронавигатсия” бар ӯҳда мегирад.

Ширкати шашум, ки масъулияти анҷоми парвозҳо ба дӯшаш хоҳад уфтод, худи “Тоҷик Эйр” хоҳад буд. Мақомоти ширкати ҳавопаймоӣ мегӯянд, парки “Тоҷик Эйр” дар ҳоли ҳозир аз 16 ҳавопаймо, аз ҷумла ду ҳавопаймои “Боинг”, ва 6 чархбол иборат буда, то поёни моҳи равон ин ширкат ба тариқи лизинг боз ду ҳавопаймои “Боинг” дарёфт хоҳад кард.

Таҷдиди сохтори “Тоҷик Эйр”, қарор аст, то поёни соли ҷорӣ анҷом дода шавад.
XS
SM
MD
LG