Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба интихоботи Озарбойҷон


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мегӯяд, интихоботи 15-уми октябр дар Озарбойҷон як пешрафти назаррас аст, аммо ба усули демократӣ ҷавобгӯ нест.

Дар изҳороти ин созмон, ки зиёда аз 400 нозираш маъракаи таблиғотӣ ва ҷараёни раъйдиҳиро мушоҳида карданд, гуфта мешавад, интихоботи президентии Озарбойҷон бидуни сабқати воқеъӣ, чандгунагии афкор ва баҳси сиёсӣ ҷараён гирифта, бархе аз ҳизбҳои мухолифи давлат ба нишони норозигӣ аз монеъаҳо ва фишор онро бойкот карданд.

Ин изҳорот дар ҳоле нашр шуд, ки тарафдорони Илҳом Алиев, аз пирӯзии ӯ ва даст ёфтанаш ба даври дувуми панҷсолаи президентӣ таҷлил мекунанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Боку мегӯяд, ҷашну консерт дар хиёбонҳои Боку бо сармояи ҳизби ҳокими "Озарбойҷони Нав" хеле пештар аз эълони натиҷаҳои расмӣ оғоз ёфт ва садҳо мошину автобусҳо тарафдорони президентро дар ҷашнгоҳҳо ҷамъ овард.

Ба гуфтаи ӯ, бо ҳамин гуна автобусҳо садҳо интихобкунанда, донишҷӯ ва сарбозону афсарон ба ҳавзаҳои раъйдиҳӣ мунтақил шуда, ҳукуматҳои маҳаллӣ ба рафти интихобот таъсири ҳалкунанда доштанд.

Масъули ҳавзаи даҳуми интихоботӣ дар ноҳияи Биногадӣ, Оиша Оғосафарқизӣ мегӯяд: "Ман вазифаи худро хеле ҷиддӣ гирифтам ва бо итминон ба шумо мегӯям, ки шахсан худам ҳамроҳ бо раиси кумисюн хона ба хона гаштем ва одамонро якояк водор кардем, ки биёянд ва овоз диҳанд. Ҳамаи интихобкунандгон маро мешиносанд ва ман ба онҳо гуфтам, шумо бояд биёед ва раъй бидиҳед."

Қонуни интихоботи Озарбойҷон ҳадди камтарини ширкати раъйдиҳандагонро барои эътибор пайдо кардани интихобот муқаррар накардааст, вале мақомоти интихоботӣ кӯшидаанд, дарсади бештари мардуми дорои ҳаққи раъй дар он ширкат кунанд.

Дар ҳоле ки ин мақомот аз комёбии интихобот сӯҳбат мекунанд, намояндагони мухолифон мегӯянд, овоздиҳӣ ҳамчун идомаи маъракаҳои пешӣ бо хилофкориҳо ҳамроҳ буд. Раиси ҳизби Мусовот, Исо Қамбар рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарӣ дар Боку гуфт: "Бар пояи таҳлил ва мушоҳидаҳо мо ба натиҷае расидем, ки интихобот озод, одилона ва шаффоф набуда, ба меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ набуд ва мо инро метавонем бо факту далелҳои мушаххас собит гардонем."

Намояндагони мухолифин ва коршиносони мустақил пешгӯӣ мекарданд, ки интихобот ба ҳамин шакл баргузор хоҳад шуд ва нозирони байнулмилалӣ ба он баҳои мӯътадил хоҳанд дод.

Таҳлилгари Ройтерз менависад, ҷанги моҳи август миёни Гурҷистон ва Русия нигаронии ҳукуматҳои Ғарб дар мавриди масирҳои интиқоли энержиро аз Қафқоз ва Осиёи Марказӣ зиёд кардааст ва онҳо эҳтиёт мекунанд, ки фишори бештар Алиевро ба сӯи Русия савқ надиҳад.
XS
SM
MD
LG