Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш»-и Радиои Озодӣ тақдими шумо мегардад.

Барнома бо хабарҳои тоза аз мусобиқоти ҷаҳонӣ оғоз мешавад.

Дар нахустин Бозиҳои умумиҷаҳонии фикрӣ, ки дар шаҳри Пекин ҷараён доранд, ҳудуди чоруним ҳазор нафар аз 143 кишвар дар панҷ навъи варзиш – шоҳмоту шашка, бриҷ, го ва шатранҷи чинӣ рақобат мекунанд. Дар ҳисоби дастаӣ тими мизбон – Чин дар ҷои аввал қарор дорад.

Бозиҳои интихобии гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2010 баргузор шуданд. Аз ҷумла Русия дар майдони худ бар Финляндия бо ҳисбои 3:0, Хорватия бар Андорра бо ҳисоби 4:0, Олмон бар Уэллс, Ҷумҳурии Чех бар Словения, Парагвай бар Перу бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз гардиданд. Бозиҳои Бразил бо Колумбия, Эстония бо Туркия, Португол бо Албания ва Люксембург бо Молдова бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфтанд. Дар сабқати ниҳоии қораи Осиё бозиҳои гурӯҳи «А» байни дастаҳои Ҷопон ва Узбакистон бо ҳисоби 1:1, Австралия ва Қатар бо ҳисоби 0:0 ба анҷом расиданд.

Дар даври ниманиҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футзали ҷаҳон дар Бразилия Русия бо дастаи мизбон ва Испания бо Италия бозӣ хоҳанд кард.

Дастаҳои мунтахаби наврасони Эрон ва Куриёи Ҷанубӣ ба бозии ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 16-сола, ки 18-уми октябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Тошканд баргузор мешавад, роҳ ёфтанд. Эрон дар даври ниманиҳоӣ бар Аморати Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 3:0 ва Куриёи Ҷанубӣ бар Ҷопон бо ҳисоби 2:1 ғолиб шуданд.

Сипас дар ин барнома дар бораи натоиҷи ба даст овардаи варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва сабқати қитъавӣ оид ба гуштии самбо дар шаҳри Тошканд иттилоъ медиҳем. Инчунин сӯҳбати мо бо паҳлавони маъруфи тоҷик Далер Мусофиров ва дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон Маҳмуди Абдуллоҳ ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад.

Дар барномаи имрӯза, ҳамчунин, дар бораи омодагии дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон ба даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё маълумот медиҳем.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

XS
SM
MD
LG