Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мухолифин пирӯзии Алиевро эътироф намекунанд


Нозирони байналмилалии интихоботи президентии Озарбойҷон мегӯянд, дар раъйдиҳӣ усули демократӣ ба чашм намехӯрд.

Изҳороти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) баъди эълони натиҷаҳои интихобот пахш шуд. Ба гуфти мақомоти Озарбойҷон дар интихоботи 15-уми октябр раисҷумҳури кунунии ин кишвар Илҳом Алиев бо дастгирии тахминан 90% раъйдиҳандагон бори дигар президент интихоб шудааст.

Нозирони САҲА изҳор намуданд, ки дар интихоботи ҳозира "пешрафти назаррас" мушоҳида шуд, вале ин маърака ба меъёрҳои байналмилалии пурра ҷавоб намедод.

Мухолифини асосии ҳукумати Озарбойҷон интихоботро бойкот карданд. Онҳо мегӯянд, ки маҳдудсозии демократия ва дастрасӣ ба воситаҳои ахбори умум ширкат дар интихоботро ба амали бемаънӣ табдил медиҳад.

Алӣ Каримлӣ раҳбари ҳизби Ҷабҳаи мардумӣ ба хабарнигорон гуфт, ки мухолифин пирӯзии Алиевро эътироф намекунанд ва бар зидди ҳукми ӯ муттаҳид хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол президенти Русия Дмитрий Медведев дар як сӯҳбати телефонӣ Алиевро бо пирӯзӣ табрик кард. Ду раҳбар ба таҳкими равобити миёни Русияву Озарбойҷон таваҷҷӯҳ нишон доданд.

XS
SM
MD
LG