Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши нархҳо як миллиардро қашшоқ кардааст


Гаронтар шудани қимати маводи ғизоӣ тақрибан як миллиард нафарро дар ҷаҳон нимгурусна гузоштааст.

Ин аст хулосаи як гузориши муассисаи хайрияи Оксфам, ки дар рӯзи ҷаҳонии ғизо яъне имрӯз 16 октябр нашр шуд. Ин муассисаи мустақар дар Бритониё, ки дар Тоҷикистон ҳам фаъолият мекунад, мегӯяд афзоиши босуръати қимати маводи ғизоӣ тақрибан 120 миллион нафарро ба чоҳи гуруснагӣ афкандааст.

Ин созмон мегӯяд, бар изофаи болоравии қиматҳо, зимистони қаҳратуни гузашта сабаби талафоти азими зироат ва чорвои мардум шудааст. Ва ҳоло сеяки хонаводаҳои рустонишини Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ як миллиону 700 ҳазор нафар аз назари таъмини маводи ғизоӣ амн нестанд. Барои ҷилавгирӣ аз бадтар шудани вазъи амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон ва роҳ надодан ба нимгурусна мондани мардум, созмони милал бо чанде аз муассисаҳои имдодии ҳамкораш аз ҷомеаи байналмилал дархости кӯмак карда буд.

Дар мусоҳибае бо намояндаи дафтари Барномаи Озуқаи Созмони Милал дар Тоҷикистон Анна Мария Вандерберг пурсидам, ки то кунун посух ба дархости онҳо аз тарафи кишварҳои донор чӣ гуна будааст.

А. М. Вандерберг: "Дар робита ба дархости кӯмак. Муассисаҳои гуногуни имдодӣ дар Тоҷикистон аз барои мусоидат ба таъмини амнияти ғизоӣ дар ин кишвар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархости кӯмак карданд. Ва дар маҷмӯъ мо 34 миллион доллар тақозо кардаем, ки аз роҳҳои мухталиф ба кӯмаки ниёзмандон бирасем, ё аз роҳи тақсими маводи ғизоӣ ё ки пули нақд ба мӯҳтоҷон. Ё ки барои кӯмак ба кишоварзон аз тариқи тухмии зироат ва чизҳои дигар. Дархости кӯмак ахири моҳи сентябр шуда буд ва то кунун мо аз Хазинаи марказии изтирории Созмони Милал як миллиону 600 ҳазор доллар ба даст овардаем ва тамом. Мутаасифона мо то кунун дигар кӯмаки молӣ ба даст наёвардаем."

Суол: Ба фикри шумо бӯҳрони молии ҷаҳонӣ, ки аксаран кишварҳои сарватмандро фаро гирифтааст, метавонад ба дархости кӯмаки шумо таъсири манфӣ расонад? Манзурам ин аст, ки бар асари ин бӯҳрони молӣ эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки Созмони Милал назар ба ончӣ ки хостааст, пули камтар ба даст биёрад, зеро вазъи моливу буҷаи кишварҳои донор низ бад мешавад.

А. М. Вандерберг: «Ман чандон мутмаъин нестам, ки таъсири ҷиддие бигузорад. Ба фикри ман ончӣ ки мо дар рӯзҳову ҳафтаҳои гузашта аз тарафи ҷомеаи байналмилал шоҳид шудем ва онҳо ҳамроҳ пули бисёреро барои рафъи бӯҳрони ҷаҳонӣ пешбинӣ кардаанд ва триллионҳо долларро. Аммо ончӣ ки мо барои Тоҷикистон дархост кардаем, танҳо ҳудуди 35 миллион доллар аст ва ин пули бисёр кам аст ва агар кишварҳо қодир ба ҷамъ кардани ин қадар пул ҳастанд, кӯмаки онҳо чандон зиёд нахоҳад буд».

Суол: Расонаҳои маҳалии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ин авохир ҳатто пули меваву сабзиҷот, ки дар кишвар фаровон аст, ниҳоят боло рафтааст. Афзоиши қиматҳо дар вақтҳои ахир зиндагии мардумро чӣ қадар мушкил кардааст.

А. М. Вандерберг: «Мо дар ду моҳи ахир дар воқеъ шоҳиди андак собит мондани қиматҳо шудем, зеро қиматҳо дар ҷаҳон собит монданд ва дар баъзе маврид поён рафтанд. Ва дар Тоҷикистон, дар ин фасл, ҳосил ҷамъ меоваранд ва сабзиҷоту меваҷоти фаровон дастрас аст. Аммо мо набояд фаромӯш кунем, ки агарчанде, қиматҳо як андоза бетағйир ва босубот мондаанд, аммо назар ба қиматҳо дар ҳамин давраи соли гузашта ниҳоят болотаранд ва тақрибан ду маротиба бештар».

Суол: Дуруст аст, ки масалан дар ин фасл баъзе хонаводаҳо боз камтар мехӯранд? Аз тарси такрори зимистони қаҳратун ба қадри кофӣ ғизо намехӯранд ва ё нимгурусна мегарданд, то барои зимистони оянда маводи ғизоӣ ва ё сӯзишворӣ захира мекунанд?

А. М. Вандерберг: «Ман мутмаъинам, ки мардум барои зимистон омодагӣ мегиранд, аз ҷумла барои захираи сӯзишворӣ, ангишт чӯб ва ғайра. Ва ончӣ, ки мо аз арзёбиҳои худ дар моҳи апрел ва июл медонем, ин аст, ки бисёре аз одамон дар воқеъ таҳияи ғизоро камтар кардаанд, то миқдори ками маводи ғизоиро, ки доранд, бирасонанд. Масалан ба ҷойи се маротиба хӯрдани ғизо дар як рӯз онҳо ду маротиба ва ё як маротиба мехӯрдаанд. Ва дар бисёр маврид онҳо молу маводи бесифатро мехаридаанд, агар пештар онҳо метавонистанд, орди хушсифат бихаранд, ҳоло онҳо орди пастсифатро мехаранд».

Суол: Барномаи озуқаи Созмони Милал мегӯяд, ки дар Тоҷикистон ҳудуди ду миллион нафар аз назари таъмин бо маводи ғизоӣ амн нестанд ва бештар аз 500 ҳазор нафар ба кӯмакҳои ғизоӣ мӯҳтоҷанд. Ва дархости шумо барои кӯмак ба ҳамин табақа ва кӯмак дар боло бурдани ҳосили зироатҳои кишоварзӣ дар соли оянда аст. Агар пуле, ки муассисаҳои имдодӣ дархост кардаанд, ҷудо нашавад, пас мо бояд чӣ гуна сенария дар Тоҷикистонро мунтазир бошем.

А. М. Вандерберг: «Агар мо кӯмакҳои молиро ба даст наорем, ба эҳтимоли ғолиб вазъи амнияти ғизоӣ боз ҳам бадтар мешавад, бахусус дар соҳаи кишоварзӣ зеро ҳоло мардум тухмӣ барои коштан надоранд. Ва дар баҳор ҳеҷ чизе барои ғундоштан нахоҳанд дошт ва ин вазъро боз ҳам бадтар хоҳад кард».

XS
SM
MD
LG