Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин баҳси рӯбарӯи Обама ва Маккейн


Барак Обама ва Ҷон Маккейн, номзадҳои интихоботи президентии ИМА, ҳини баҳси рӯбарӯи телевизионӣ
Барак Обама ва Ҷон Маккейн, номзадҳои интихоботи президентии ИМА, ҳини баҳси рӯбарӯи телевизионӣ

Номзадҳои интихоботи президентии ИМА охирин бор дар баҳси рӯбарӯ талош карданд, бартариҳои худро ба интихобкунандагон нишон диҳанд.

Ин ҳам дар ҳоле ки то раъйдиҳӣ камтар аз се ҳафта вақт боқӣ мондааст. Набарди нав хеле пуршиддат буд, аммо даргумон аст, битавонад, вазъу имконияти номзадҳоро тағйир бидиҳад. Обама ҳанӯз ҳам ба андозаи 10 хол аз Маккейн пешсафтар аст. Аммо баҳси нави рӯбарӯ ба кӣ суд ва ба кӣ зиён овард, аз ҳамкорамон, Салими Аюбзод мешунавем:

Агар набарди ниҳоии телевизионии номзадҳоро ба сабқати бокс ё муштзанӣ монанд кунем, манзара ин гуна буд, ки Ҷон Маккейн як ҳамлавари аламдору хашмгин буд ва Барак Обама рақиби оромтару худбовар, ки ба ҳар зарба бо нерӯи қавитар посух медод.

Муҳимтарин мавзӯъи баҳсе, ки зиёда аз 60 миллион нафар онро думбол карданд, барномаи иқтисодии номзадҳо буд. Шояд вазъи иқтисодии Амрико ва бӯҳрони ҷаҳонӣ сабаб гаштааст, ки акнун аз Маккейн ва Обама на гапи умумӣ ё шиорҳои хуб, балки барноми дақиқи амали онҳоро дар мақоми раиси ҷумҳури Амрико талаб мекунанд.

Маккейн гуфт, барои ислоҳи вазъи иқтисодӣ андоз аз ширкатҳои бузургро кам хоҳад кард, зеро онҳо муҳаррикони асосии тавлиди шуғл ва моли Амрико мебошанд. Вай инчунин гуфт, ҳукумат бояд 11 миллион қарзи вомондаи манзилро харидорӣ кунад, то бозор дубора ба ҳаракат ояд.

Обама мехоҳад, андози наздик ба 90 дарсади амрикоиёнро кам карда, дар иваз молиёти ширкатҳо ва афродеро, ки аз 250 ҳазор доллар дар сол бештар пул мегиранд, афзоиш диҳад. Вай инчунин мехоҳад, ба соҳибкороне, ки амрикоиёнро ба кор мегиранд, аз як қисми андоз озод кунад ва ба мардум имкон диҳад, аз пасандози бознишастагияшон беталафот пул гирифта тавонанд. Ҳоло барои пеш аз вақт берун овардани пул аз хазинаи нафақа кас то 20 дарсад ҷарима медиҳад.

Аз он ҷо ки ҳам дар масъалаи иқтисодиёт ва ҳам мавзӯъҳои дигари шабеҳи Ироқ, Русия, Эрон ва ғайра Обама сиёсатҳои ҳукумати президенти ҷумҳурихоҳ Бушро шадидан танқид мекунад,номзади ҷумҳурихоҳон, Маккейн кӯшиш мекунад, аз Буш фосила бигирад.

"Сенатор Обама, ман президент Буш нестам, агар шумо бо вай сабқат кардан мехоҳед, беҳтар буд, чор сол пеш номзад мешудед. Ман мехоҳам барои ин иқтисодиёт ва ин мамлакат роҳи наве боз кунам."

Бо вуҷуди ин, Обама гуфт, рақиби ӯ аз бахши аъзами сиёсатҳои нокоми ҳукумати Буш намояндагӣ мекунад: "Дар масъалаҳои бунёдии иқтисодӣ, ки барои амрикоиён муҳиманд, монанди сиёсати андоз, энержӣ, увлавиятҳои харҷ, шумо пуштибони қавии президент Буш будаед."

Чун номзадҳо аз вазъи иқтисодиёт гузашта, ба ҳамдигар пардохтанд, шеваҳои таблиғи интихоботии ҳамдигарро танқид карданд. Обама гуфт, маъракаи рақибаш сад дарсад бар пояи сиёҳ кардани тарафи дигар сохта шудааст, дар ҳоле ки бояд ба масъалаҳои ҳаётан муҳими мардум тамаркуз ёбад.

Маккейн ишора кард, ки тарафдорони Обама баҳро асосан ба тафовутҳои нажодӣ мекашонанд, ки қобили қабул нест. Дар як пайти набарди лафзӣ аз ҳарду номзад пурсида шуд, номзадҳои ноиби худро ба чи далелҳо баргузидаанд. Обама гуфт, ба таҷрибаи Ҷо Байдн дар сиёсати хориҷӣ ва талошҳои ӯ барои дифоъ аз одамони қаторӣ мафтун шудааст. Маккейн Сала Пейлинро "хуни тоза" ба ҷисми Вашингтон номид ва гуфт, ба зудӣ Пейлин намунае барои ҳамаи занони Амрико хоҳад шуд. Аммо назарсанҷиҳо нишон додаанд, ки мақсади ӯ аз интихоби Пейлин, яъне ҷалби раъйи занон ба даст наомадааст.

Ҳамзамон бо идомаи баҳс бурду бохти номзадҳо аз мавзеъгирӣ ва барномаҳояшон низ мушаххас мешуд ва дар ниҳояти набард маълум гашт, ки Обама ин баҳсро бо бартарии қариб 20 дарсад бурдааст. Гуфта мешавад, рафтори номзадҳо низ нақши муҳим дошт, зеро Обама бо лабханди самимона ва эътимод бар хеш таваҷҷӯҳи бештарро ба худ мекашид, то Маккейн бо садои пархошҷӯёна, хандаи яхбаста ва мижжазаниҳои зуду зиёд.

XS
SM
MD
LG