Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аврупо тарафдори бунёди низоми нави молӣ мебошад


Имрӯз дар Брусел мулоқоти дурӯзаи раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо, ки дар он роҳҳои рафъи бӯҳрони молии саросарӣ баҳс шуд, ба поён мерасад. Рӯзи чоршанбе ширкаткунандагони ин маҷлис изҳор намуданд, ки низоми молии ҷаҳонӣ ба тармиму таъмир эҳтиёҷ дорад.

Гурӯҳи ҳашт кишвари саноатии олам: ИМА, Британия, Фаронса, Италия, Олмон, Канада, Япония ё худ Ҷопон ва Русия дар изҳороте ӯҳдадор шудаанд, ки "дар ояндаи наздик" раҳбарони кишварҳои калидиро ба мулоқоти раҳбарони кишварҳо бахшида ба арзёбии бӯҳрони молии саросарӣ даъват мекунанд.

Аслан ҳадаф аз нишасти Брусел арзёбии барномаи мубориза бо тағйири иқлим буд, вале рӯзи чоршанбе Италия ва кишварҳои Аврупои шарқӣ таъкид карданд, ки феълан иҷрои он хеле гарон хоҳад афтид.

Баҳси масъалаи оғози гуфтушунид бо Русия ҳам ба таъхир гузошта шуд.
XS
SM
MD
LG