Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА раҳоии рӯзноманигори узбакро талаб кард


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) аз ҳукумати Узбакистон даъват кард, ки рӯзноманигори мустақилро аз зиндон раҳо намуда, иттиҳомоти қалбакии рӯи ӯ бор кардаашро лағв кунад. Ҳафтаи гузашта Солеҳҷон Абдураҳмонов бо айбномаи марбут бо маводи мухаддир ба муддати 10 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Абдураҳмонов, ки бо танқиди ҳукумати Узбакистон маъруф мебошад, дар сомонаи интернетии ахбори Узбакистон ва ҳамчунон Радиои Озодӣ кор кардааст. Миклош Ҳарастӣ масъули озодии матбуот дар САҲА рӯзи чоршанбе иброз дошт, ки муҳокимаи Абдураҳмонов ҷавобгӯи меъёрҳои додгоҳи одилона набудааст.
XS
SM
MD
LG