Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА аз тавсеаи таҳрими Эрон хушҳол аст


Вашингтон таҳрими нави Эрон аз ҷониби Австралияро хуш пазироӣ кардааст. Австралия тасмим гирифт бар зидди афрод ва муассисаҳои шарик дар барномаи ҳаставӣ ва мушакии Теҳрон таҳрим ҷорӣ намояд.

Рӯзи чоршанбе Австралия 20 фард ва 18 муассисаро мавриди таҳрими моливу сафарӣ қарор дод. Аз ҷумла суратҳисобҳои бонкҳои Миллӣ ва Садорати Эрон мунҷамид шуданд. Мансабдори вазорати молияи ИМА Стюарт Левей ба иқдоми Австралия кафкӯбӣ намуда, аз кишварҳои дигар даъват кард, ки ба Канберра пайравӣ намоянд. Шӯрои Амнияти СММ чанд дафъа бо ишора ба саркашии Эрон аз қатъи ғанигардонии уран бар зидди Ҷумҳурии исломӣ таҳрим ҷорӣ кардааст. Кишварҳои ғарбӣ хавф доранд, ки ҳадафи пинҳонии Теҳрон тавлиди силоҳи ҳаставӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG