Пайвандҳои дастрасӣ

Аввалин канали хабарии телевизионӣ дар Тоҷикистон


Моҳи оянда дар Тоҷикистон канали телевизионии "Ҷаҳоннамо" пахши барномаҳояшро шурӯъ мекунад.

Раиси Кумитаи давлатии радиову телевизиони назди ҳукумати Тоҷикистон Асадуллоҳ Раҳмонов мегӯяд, ки барномаҳои шабакаи хабарии "Ҷаҳоннамо" асосан ба забони тоҷикӣ ва бидуни таваққуф 24 соат дар шабонарӯз пахш хоҳанд шуд.

Ҳамин манбаъ афзудааст, ки дар оғоз барномаҳои "Ҷаҳоннамо" 60% қаламрави Тоҷикистонро фаро хоҳанд гирифт.

Раҳмонов таъкид кардааст, ки сипас ба тадриҷ тамошои "Ҷаҳоннамо" тариқи моҳвора дар саросари ҷумҳурӣ ва гӯшаҳои мухталифи олам имконпазир мешавад.

Дар мавриди ташкили канали телевизионии муштараки Тоҷикистону Афғонистону Эрон раиси кумитаи давлатии радиову телевизиони назди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки се кишвар арзёбии масъаларо идома медиҳанд ва шояд ин канали телевизионӣ дар соли 2009-ум пахши барномаҳояшро оғоз намояд.

XS
SM
MD
LG