Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти СММ дар мавриди клон


Масъалаи иҷозаи нусхасозии бофтаҳо ва аъзои бадани инсон яке аз масоили аслии баҳс дар як нишасти Созмони Милал хоҳад буд, ки рӯзҳои 28-29 октябр дар шаҳри Порис баргузор мешавад.

Маҷмаъи кулли СММ бо судури як эъломия дар соли 2005 тамоми навъи нусхасозӣ ва ё клони инсонро мамнӯъ эълом кардааст, ҳарчанд иҷрои ин қатънома аз тарафи кишварҳо ҳатмӣ нест. Акнун ҳайъати махсуси ЮНЕСКО дар ин нишаст ин масъаларо баррасӣ мекунад, ки оё бо назардошти пешрафти тибу илму фанновариҳо ва арсаҳои сиёсату ҳуқуқ бознигарии қаътномаи мазкур зарурат дорад ва ё на.

Қатъномаи мазкури Созмони Милал нусхасозии инсонро мухолиф ба шарофати инсонӣ унвон кардааст. Ҳенк тен Аве - раҳбари бахши этика дар улум ва фанновариҳо дар ЮНЕСКО гуфт, масъалаи дигар баррасии санади ягонаест, ки нусхасозии худи инсонро дар саросари ҷаҳон мамнӯъ кунад. Аз ӯ пурсидам, ки оё аз тарафи олимон дархостҳое буданд аз Созмони Милал, ки санадҳои нусхасозии инсон бознигарӣ шавад?

«Воқеъан, як гузориши Донишгоҳи Созмони Милал буд, ки масъалаи нусхасозии инсонро таҳқиқ мекунад ва дигар ин ки ҳоло масъалаи нусхасозии инсон ва нусхасозии бофтаҳои инсон дар арсаи сиёсӣ бисёр баҳс мешавад. Ва ҷомеаи илмии ҷаҳон ҷомеаҳои илмии бисёре аз кишварҳои ҷаҳон мехоҳанд, то аз нусхасозии бофтаҳои инсон кор бигиранд, вале мувофиқанд, ки нусхасозии худи инсон бояд мамнӯъ бошад. Дар Эъломияи қабулшуда дар Ню-Йорк дар чанд соли пеш нусхасозии инсон ва бофтаҳои онро ба ҳам иртибот додаанд, вале дар бисёре аз кишварҳо ҳеҷ қонуне дар мавриди манъи нусхасозии инсон вуҷуд надорад. Аз ин рӯз олимон эҳсос мекунанд, ки дар санадҳои марбута бояд баъзе рӯшанӣ андохта шавад, ва маҳдудияте, ки дар таҳқиқот дар ин замина риоят мешавад, бояд дар санадҳои қонунӣ ҳам дарҷ гардад.»

«Воқеан, масъалаи нусхасозӣ як масъалаи дарднокест, ки рӯҳониён низ дар бораи он баҳс мекунанд, дар нишаст ягон нафар рӯҳонӣ низ ширкат хоҳад дошт.»

«Дар Кумитаи байнулмилалии этикаи улуми биологӣ, ки масъаларо баррасӣ мекунад, ягон нафар рӯҳониро намедонам, вале афроде, ки дар кумитаи мо ҳастанд, намояндагони мазҳабҳои гуногун мебошанд, аз ҷумла масеҳӣ, ислом, вале аксари онҳо олимон, файласуфон, таърихшиносу сиёсатгузорон ҳастанд, на афроди мазҳабӣ.»

«Аммо дар ин нишаст ягон санади махсус дар мавриди нусхасозии инсон қабул мешавад?»

«Ҳарчанд бисёре аз афрод мувофиқанд, ки дар ин замина бояд иқдоме шавад, вале ҳоло мо дар марҳилаи аввали омӯзиш қарор дорем. Ва дар асоси гуфтугуҳои умумӣ кумита барои мудири кулли ЮНЕСКО гузорише таҳия мекунад ва мудири кулл гузоришро ба кишварҳои узв мерасонад, ки онҳо сипас барои андешидани тадбирҳои эҳтимолӣ тасмим мегиранд.»

XS
SM
MD
LG