Пайвандҳои дастрасӣ

Бисёр МП3 гӯш накунед


Миллионҳо нафар ҷавонон дар саросари Аврупо агар шунидани плейерҳои МП3-ро ба шакли ҳозира идома диҳанд, баъд аз панҷ соли дигар қудрати шунавоиашон муназзам кам мешавад.

Гурӯҳе аз донишмандони Аврупо баъди таҳқиқи махсусе ошкор кардаанд, ки бо садои баланд ва дар як рӯз то панҷ соат гӯш кардани МП3 ва ё мусиқии телефонҳои ҳамроҳ ба қудрати шунавоии инсон таъсири бад мерасонад. Кумиссиюни Аврупо, дархосткунандаи пажӯҳиш хостааст, то ба хотири саломатии худи ҷавонону наврасон, ки мӯътоди шунидани мусиқӣ шудаанд, чораҳо андешида шавад.

Воқеан, имрӯз ҳар яки мову шумо шоҳид ҳастем, ки чӣ гуна баъзе аз наврасону ҷавонон аз айподу, телефони мобилу эм пе се ва дигар абзорҳои арзону фаровон, мусиқӣ мешунаванд, чӣ дар роҳ чӣ дар нақлиёт ва чӣ дар ҳар ҷойи дигар. Баъзеи онҳо ба қавле мусиқиву таронаҳоро на танҳо гӯш мекунанд, балки мешунавонанд, ки бешак баъзе аз шуморо асабонӣ мекунад.

Акнун ИА мегӯяд, ҷавонону наврасоне, ки пайваста ва ё дар як рӯз панҷ соат ба мусиқии баланд гӯш медиҳанд, ба ҷону гӯши худашон ҷабр мекунанд ва агар ин одатро канор нагузоранд дар оянда меваи талхи ин рафторашонро хоҳанд чашид. Профессор Адриан Дейвис аз Донишгоҳи Манчестери Бритониё, ки дар таҳқиқоти махсус дар ин замина кор кардааст, дар сӯҳбат бо Маҷаллаи Илм ва Фанноварии Радиои Озодӣ гуфт:

«Мусиқӣ чун ҳар садои дигар, агар баланд бошад, ба гӯш осеб мерасонад. Дар марҳилаи аввал дараҷаи шунавоии мо паст мешавад ва сипас хиш-хиш дар гӯш ва сарро эҳсос мекунем ва агар инсонҳо шунидани мусиқии баландро идома диҳанд, дар он сурат шунавоии онҳо ба таври доимӣ осеб мебинад.»

«Вале эҳтимолияти он ки инсон аз шунидани мусиқии баланд ба куллӣ ношунаво ва ё кар шавад, вуҷуд дорад?»

«Ба андешаи ман, эҳтимолияти аз шунидани мусиқии баланд ба тамом кар шудани инсонҳо вуҷуд надорад. Вале мо як-ду мавридеро медонем, ки инсонҳо баъди тамошои консерти мусиқии поп бо садои баланд, шунавоиашон ниҳоят сахт осеб дидааст. Нигаронии аз ҳама бештар он аст, ки шунидани мусиқии баланд, таъсири дарозмуддат дорад. Бахусус агар инсонҳо дар ҷараёни як рӯз се-чаҳор соат ба садои ҳадди аксар баланди мусиқӣ гӯш кунанд ва ин кор тайи чанд сол идома ёбад, ин ба шунавоӣ зиён мерасонад. Ва инсонҳо дар гуфтугу бо дигарон ва ё шунидани ҳарфи дигарон мушкил хоҳанд кашид ва бахусус дар шароити пурғалоғула.»

«Чаро ба фикри шумо ҷавонон дар хиёбону нақлиёт ба мусиқии баланд гӯш мекунанд, ин эҳсоси лаззатро бештар мекунад ва ё омилҳои дигар ҳам вуҷуд доранд?»

«Шунидани мусиқӣ дар минтақаҳои пурғавғо мушкил аст. Бахусус вақте инсонҳо сафар мекунанд ва сару садои атроф низ ҳаст, шунидани мусиқӣ мушкилтар мешавад ва аз ин хотир инсонҳо одат доранд, ки садои мусиқиро баландтару баландат кунанд, ва ҳамингуна ба қувваи сомеаи худ зиёни бештар мерасонанд. Аз ин хотир беҳтар аст, ки гӯшии хубро истифода баред, ки садоҳои атрофро намегузаронад ва шумо ҳам бо садои пасттар мусиқӣ мешунавед.»

«Аммо ба фикри шумо тағйир додани рафтори ҷавонон осон хоҳад буд, ки дигар ҳар лаҳза ба плейеру айподу айфонҳои худ начаспанд ва ба мусиқии гӯш накунанд?»

«Ба андешаи ман, тағйири рафтор хеле мушкил хоҳад буд, чаро ки инсонҳо ба шунидани ғалоғулаи баланд одат кардаанд. Агар онҳо дар муддати тӯлонӣ садои баландро шунида бошанд, пас онҳо ба садои баландтар ниёз хоҳанд дошт, зеро шунавоии онҳо бадтар мешавад. Аз ин хотир мо бояд нагузорем, ки инсонҳо ба садои баланд одат кунанд, ё ки пайваста бо садои баланд бишнаванд. Ва чизи дуввум истифодаи гӯшиест, ки садои берунаро нигаҳ дошта ва ба инсонҳо имкон медиҳад ба мусиқии пасттар гӯш кунанд.»

«Ва агар аз шумо як шунавандаи ҷавон ва шефтаи мусиқии баланди Радиои Озодӣ пурсад, ки чӣ кор бояд кунад, ки шунавоиашро заъиф нашавад ба ӯ тавсия медиҳед.»

«Тавсияи асосии ман ин аст, ки мусиқиро баланд нагузоред, онро бо садои пасттар гӯш кунед, зеро дар ин ҳол шумо аз мусиқиҳои гуногуни нарму баланд лаззат хоҳед бурд. Ва шумо аз мусиқӣ муддати тӯлонӣ лаззат хоҳед бурд, вале агар шумо онро баландтару баландтар гузоштан гиред, бо гузашти вақт ва то чиҳилсолагӣ шумо дигар аз лаззати мусиқӣ маҳрум хоҳед шуд.»

XS
SM
MD
LG