Пайвандҳои дастрасӣ

Маргталаб болои идораи полиси покистонӣ ҳамла кард


Рӯзи панҷшанбе дар водии Свот, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон бомбгузори маргталаб мошини саршор аз маводи таркандаро ба идораи полис равон намуда, камаш чор афсаррро ба қатл расонд. Дар ин ҳодиса 29 нафари дигар захм бардоштанд.
Ходимони амниятӣ мегӯянд, қабл аз ҳамлаи маргталаб ҳуҷумкунандагон пойгоҳи полиси шаҳри Мингора: маркази вилояти Свотро мавриди оташи гулӯлаандоз қарор доданд. Сар аз моҳи август ниҳодҳои интизомии Покистон дар шимолу ғарби ин кишвар ва аз ҷумла водии Свот бар зидди ҷангҷӯёни ал-Қоида ва Толибон амалиёт пеш мебаранд. Аз ҳамон вақт ба ин тараф ҳамлаҳои маргталабона ва оташборони пойгоҳҳои полиси покистонӣ афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG