Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси ниҳоии Обама ва МакКейн ба поён расид


Normal 0

Дар донишгоҳи Ҳофстра, дар минтақаи Лонг Айленди аёлати Ню-Йорк, имрӯз даври севвум ва ниҳоии баҳсҳои пешазинтихоботии Барак Обама ва Ҷон МакКейн, номзадҳои аслӣ ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико поён ёфт. Дар оғози ин баҳс МакКейн ба Обама ҳамла кард, ки мехоҳад фоизи молиётро баланд бардорад. Аммо Обама гуфт, ки ӯ фоизи молиётро барои 95 дарсади мардум коҳиш дода, танҳо барои амрикоиҳои сарватманде, ки даромади солоаашон аз 250 000 доллар бештар аст, боло хоҳад бурд.

Ҷон МакКейн гуфт, ӯ мунҷамид сохтани масрафотро пешниҳод мекунад ва хуб медонад, ки чӣ тавр метавон хароҷоти Пентагонро кам кард.

Обама аммо гуфт, МакКейн дар иқтисод ҳамон сиёсати президенти кунунӣ Ҷорҷ Бушро идома хоҳад дод.

Баҳси имрӯзаи Барак Обама ва Ҷон МакКейн дар ҳоле сурат гирифт, ки бар асоси охирин назарсанҷӣ, бартарии Обама бар МакКейн ба 14 дарсад расидааст. Интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико рӯзи 4 ноябр баргузор мешавад.


XS
SM
MD
LG