Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Уфти қиматҳо имрӯз дар бозорҳои Осиё идома ёфт


Normal 0

Уфти башиддати қимати саҳом субҳи имрӯз дар бозорҳои Осиё идома ёфт. Никеӣ, шохиси аслии бозори Ҷопон, субҳи панҷшанбе ҳудуди 9 дарсад пойин рафт.

Ин дар ҳолест, ки шохиси саноатии Дав Ҷонс, як нишондиҳандаи умдаи бозори молии Амрико рӯзи чоршанбе наздики 8 дарсад коҳиш ёфт, ки аз соли 1987 ба ин сӯ собиқа надоштааст. Раиси Бонки марказии Амрико Бен Бернанке ҳушдор дод, ки иқтисоди кишвар ба як таҳдиди, ба гуфтаи ӯ, “ қобили мулоҳиза” рӯбарӯ мешавад. Дирӯз бозорҳои Аврупо низ шоҳиди уфти башиддати қиматҳо шуда буд.
XS
SM
MD
LG