Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоди Бағдод аз ҳарфҳои Одиерно дар бораи Эрон


Normal 0

Бағдод изҳороти, ба гуфтааш, “номуносиб”-и фармондеҳи нирӯҳои Амрико дар Ироқро ба боди интиқод кашид. Генерал Ричард Одиерно ахиран Эронро айбдор кард, ки талош дорад, бо ришва вакилони парлумони Ироқро ба мамониат ба тасвиби паймони низомии миёни Ироқу Амрико ташвиқ кунад.

Ин созишнома бояд заминаи ҳуқуқии ҳузури нирӯҳои Амрико дар Ироқ баъд аз хатми соли ҷориро фароҳам биорад, вале генерал Одиерно ба рӯзномаи “Вошингтон Пост” гуфтааст, ки Эрон ба таври аланиву ғайриаланӣ ба ҷараёни музокироти ин паймон халал ворид мекунад.

Сухангӯи давлати Ироқ Алӣ Даббоғ аммо аз ин баёнияи Ричард Одиерно изҳори нигаронии амиқ кард. Дар ҳамин ҳол, Ёсин Маҷид, сухангӯи сарвазири Ироқ Нурӣ Моликӣ гуфтааст, ки мақомоти аршади Ироқ дар мавриди барои баррасӣ ба парлумон ироа кардани пешнависи ин паймон тавофуқ кардаанд.


XS
SM
MD
LG