Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Бонки Ҷаҳонӣ ба Осиёи Марказӣ


Normal 0

Бонки Ҷаҳонӣ кишварҳои Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказиро ҳушдор додааст, ки бӯҳрони ҷаҳонии молӣ, ки феълан аз гиребони Ғарб гирифтааст, ба ин ду минтақа низ таъсир хоҳад кард. Прадип Митра, иқтисоддони аршади Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, таъсири ин бӯҳрон дар кишварҳои фақире, назири Тоҷикистон, пеш аз ҳама дар нархи ғизо мушоҳида хоҳад шуд: “Яқинан, асароти нархи ғизо дар кишварҳои фақиртарин маҳсустар хоҳад буд. Кишварҳое, чун Қирғизистон, Тоҷикистон ва Молдова, таъсири дардовари афзоиши нархи ғизоро эҳсос мекунанд. Ва ин ҳама мунҷар ба таварруми пул мешавад. Ҳоло, ки мо шоҳиди таскин ёфтани ҳам раванди афзоиши нархи ғизо ва таскин ёфтани нархи маводи сӯхт шудаем, таъсири таваррум низ коҳиш меёбад, ва умедворем, ки асароти бади афзоиши нархҳо низ батадриҷ ба эътидол хоҳад омад.”

Прадип Митра, коршиноси Бонки Ҷаҳонӣ афзуд, иқтисоди кишварҳое, чун Тоҷикистон, ба пули муҳоҷирон сахт вобаста аст ва рукуди иқтисодӣ дар Русия ё Қазоқистон метавонад боиси коҳиш ёфтани ҳаҷми таҳвили пул гардида, кишварҳои фақир ва вобастаро аз ин самт низ сахт асобат кунад.


XS
SM
MD
LG