Пайвандҳои дастрасӣ

Тарҳи эҳдоси роҳи оҳани Турсунзода - Хуҷанд


Normal 0

Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, чанд тарҳи эҳдоси роҳҳои нави оҳанро рӯи даст дорад, вале иҷрои ин барномаҳо сармоягузориҳои бузургеро тақозо мекунанд, ки ин ширкат дар ихтиёр надоштааст.

Владимир Собкалов, муовини раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, як тарҳи бузург роҳи оҳани Турсунзода –Хуҷанд аст, ки тибқи лоиҳа 276 километр тӯл дошта, аз 40 пул хоҳад гузашт. Барои иҷрои ин барнома, ки қарор аст, бидуни убур аз қаламрави Узбакистон сохта шавад, кандани тақрибан 50 километр нақб лозим будааст.

Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ҳамчунин мехоҳад, байни Ёвон ва шаҳри Ваҳдат ба масофаи 56 километр роҳи оҳан сохта, бунёди роҳи оҳани Колхозобод – Панҷ- Қундузи Афғонистонро низ идома диҳад.


XS
SM
MD
LG