Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии масъалаи аёдати зиндониёни тоҷик


Ба иттилоъи хабаргузории расмии “Ховар” имрӯз ду намояндаи баландпояи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх бо мақомоти Тоҷикистон масъалаи аз сар гирифтани боздид аз зиндонҳои ин кишварро баррасӣ кардаанд. Ба навиштаи хабаргузорӣ, раиси дафтари Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Осиёи Марказӣ Ив Ҷованнонӣ ва муовини ӯ Рафаэло Мюллер бо Рамазон Раҳимов - мудири шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии дастгоҳи раёсати ҷумҳур, доир ба иҷрои барномаҳои созмон дар Тоҷикистон, ҳамкориҳои минбаъдаи ҳукумат бо бахши душанбегии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва ҳамчунин боздид аз муассисаҳои ислоҳӣ гуфтугӯ кардаанд. Давлати Тоҷикистон соли 2004 ба кормандони Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дигар иҷоза надод ба аёдати маҳбусон бираванд. Дар кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷараёни музокирот бо мақомоти расмии кишварҳоро шарҳ намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG