Пайвандҳои дастрасӣ

Бозрасии додгоҳии мансабдорон дар Хуҷанд


Раиси додгоҳи Хуҷанд, ки бозбинии парвандаи гурӯҳи шашнафараи собиқ масъулини шаҳрдории Хуҷандро пеш мебарад, гуфт, алайҳи онҳо иттиҳоми берун баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ пешниҳод шудааст.

Ин гурӯҳи шашнафара иборат аз муъовини раиси шаҳри Хуҷанд Абдуманнон Абдуаҳадов, сармеъморон Саттор Шокиров ва Раҳимҷон Собиров, сардори кумитаи заминсозӣ Ҳасан Очилов ва меъмор Уктам Тухтабоев мебошад.

Раиси додгоҳи Хуҷанд Шаҳодат Холиқова афзуд, парвандаи Олимҷон Ҷалолов, собиқ раиси шаҳри Хуҷанд ва вакили маҷлиси вилояти Суғд, аз ин гурӯҳ бо татбиқи Қонуни афви соли 2007 қатъ карда шуд.

Ба гуфтаи хонум Холиқова, гурӯҳи панҷнафараи мансабдорони Хуҷанд аз рӯи тафтишоти қаблӣ барои тақсими ғайриқонунии замин дар маркази вилояти Суғд дар солҳои 1999–2006 айбдор карда шудаанд. Парванда алайҳи онҳоро Додситонии кулли Тоҷикистон дар моҳи апрели соли равон боз карда, тафтиши аввалияи онро додситонии Суғд анҷом додааст.

Маркази хабарии додситонии Суғд дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, тафтиши аввалия муайян кардааст, ки бо имзои собиқ раиси шаҳри Хуҷанд дар тайи солҳои 1999–2006 беш аз 150 маврид ба тариқи ғайриқонунӣ қитъаҳои замин ба афрод ва ширкату корхонаҳои хусусӣ барои сохтмон тақсим шудааст. Ин дар ҳолест, ки ҳайъати нави шаҳрдории Хуҷанд мегӯяд, он 150 сохтмони корхонаву ширкатҳо, мағозаву фурӯшгоҳ ва ошхонаву гаражҳои хусусӣ ба нақшаи кулли маркази вилояти Суғд мувофиқ нест ва ба тахриби онҳо оғоз кардааст.

Дар ҳоли кунунӣ барои иҷрои ин амр як комиссияи вижа тасъсис дода шуда, қисмати зиёди сохтмонҳо хароб карда шудааст. Набиҷон Тоҳиров, мудири бахши сохтмони ҳукумати Суғд, дар ин бора меафзояд, ки ин иншоот бар болои шабакаҳои коммуникатсионӣ воқеъ афтодааст.

Ин иқдоми шаҳрдории Хуҷанд мавҷи норизоии соҳибони сохтмонҳои шахсиашон харобгаштаро барангехтааст. Онҳо ин кори шаҳрдориро таарруз ба ҳаққи моликияти хусусии шаҳрвандон номида, аз шаҳрдорӣ ҷуброни хисороти молиашонро талаб мекунанд. Аммо ҷуброни хисоротро, ба гуфтаи Алии Муҳаммадӣ, як ҳуқуқшиноси мустақил дар Хуҷанд, шаҳрдории Хуҷанд дар пайи амри додситониву шаҳрдорӣ бар дӯш нагирифтаанд, дар ҳоле ки дар чанд соли қабл тақсими ғайриқонунии замин аз ҷониби худи шаҳрдорӣ анҷом гирифта буд.

Аммо имрӯз он ҳайъати шаҳрдории Хуҷанд, ки барои 150 иншооти дар рӯйхати тахриб воридгашта расман қитъаҳои замин ва иҷозаи сохтмон додааст, дар сари кор ва қудрат нест. Ҳайъати шаҳрдории Хуҷанд дар тирамоҳи соли 2006 зимни тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон ҳафтод дар сад дигар шуд. Акнун ҳайъати нави шаҳрдорӣ мегӯяд, дар ҳеҷ ҳол ҷуброни иштибоҳи ҳамтоёни пешини худро бар дӯш нахоҳад гирифт ва нафарони ҳисоротдида, агар мехоҳанд товони зарарҳои молии худро рӯёнанд, на ба шаҳрдорӣ, балки ба додгоҳ муроҷиат кунанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, бо иттиҳоми тақсими ғайриқонунии замин дар солҳои 1999–2006 парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

XS
SM
MD
LG