Пайвандҳои дастрасӣ

Талошҳои байнулмилалии ҳалли мушкили миёни Русия ва Гурҷистон бо роҳи гуфтушунид дар даври аввал натиҷа надоданд.

Алам, шубҳа ва нафрат фазои музокироти Русия ва Гурҷистон дар Женевро пур карда буд. Тарафҳо ҳамдигарро дар шикасти гуфтушунид айбдор мекунанд.

Пеш аз оғози он низ гуфта мешуд, ки ба иллати нобоварии амиқи байни тарафҳо, гуфтушунид мумкин аст, моҳҳо тӯл кашад.

Пата Закарейшвилӣ, узви ҳизби мухолифи давлати Гурҷистон ва низоъшинос ба дурнамои музокирот чунин назар дорад: "Гуфтушуниде ки акнун дар Женев сар шуд, ба зудӣ поён нахоҳад ёфт. Он чандин давр ва ду-се моҳ идома хоҳад кард. Биноъан аз нишасти аввал наметавон интизороти зиёде дошт. Нахустин натиҷа шояд моҳи декабр ё зудтар, ноябр, ба даст ояд."

Бархӯрдҳои пароканда миёни ҷудоихоҳон ва нерӯҳои Гурҷистон, ки моҳҳо идома мекард, рӯзҳои 7-8 август ба ҷанги густарда миёни Русия ва Гурҷистон сабаб гардид. Даргирӣ дар ҳоле шурӯъ шуд, ки Тифлис артиши худро ба Осетияи Ҷанубӣ фиристод, то ҷумҳурии рӯ ба Маскавро дубора зери назорати худ дарорад. Русия бо ҳамлаи ҷавобӣ нерӯҳои Гурҷистонро аз Осетияи Ҷанубӣ берун ронд ва амиқан ба дохили Гурҷистон ворид гашт. Маскав гуфт, ин амалиётро ба хотири ҳифзи шаҳрвандони Русия дар Осетияи Ҷанубӣ ва пешгирӣ аз такрори ҳамлаи гурҷиҳо анҷом додааст.

Тибқи оташбасе, ки бо миёнаравии Фаронса ба даст омад, 9-уми октябр Русия нерӯҳояшро тақрибан аз ҳамаи қаламравҳои ҳоил дар марзи манотиқи ҷудоихоҳ ақиб кашид. Даҳуми октябр охирин мӯҳлати ин ақибнишинӣ буд.

Вале ихтилофи нав ба гуфтушунид таъсири манфӣ расонд. Чунончи, Русия исрор варзид, ки дар музокирот намояндагони Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазия низ ширкат кунанд. Гурҷистон инро қатъиян рад кард ва гуфт, бо ин намояндагон дар ҳошияи гуфтушунид мулоқот хоҳад кард, аммо ғайрирасмӣ.

Талабҳои дигари тарафҳо низ шадидан хилофи ҳаманд. Русия таҳрими фурӯши силоҳ ба Гурҷистонро мехоҳад ва далел меорад, ки ин таҳрим аз ҳамлаҳои нав пешгирӣ хоҳад кард. Тифлис эътироз дорад, ки баъд аз низоъ Маскав нерӯҳои худро дар Абхазия ва Осетияи Ҷанубӣ се баробар зиёдтар кард. Гурҷистон хостори бозгардони даҳҳо ҳазор гурҷиест, ки аз манзилҳои худ дар Осетияи Ҷанубӣ фирор кардаанд, вале Схинволӣ ба иҷрои ин шарт мухолиф аст.
XS
SM
MD
LG