Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Садои баланди мусиқӣ ҳамагонро ба ҳавзаҳои раъйдиҳӣ даъват мекунад ва мардум гӯё на ба интихобот, балки ба иду базме қадам мениҳанд.

Сарнавишти интихобот аз пеш маълум аст ва ягона масъала ин хоҳад буд, ки ғалабаи президенти феълӣ Илҳом Алиев чанд дарсадро ташкил хоҳад дод.

Мухолифини сиёсӣ аз ширкат дар интихобот худдорӣ карданд ва раиси ҳизби Мусовот, Исо Қамбар сабаби ин таҳримро чунин шарҳ дод: "Ин интихобот не, балки як фоҷиаи музҳик аст. Фоҷиа барои он ки режими Алиев ҳаққи мардумро ба интихоби ҳукумат ва раҳбари худ зери по кард. Мазҳака барои он ки мансабдорон ва баъзе нозирони тарафдори онҳо бозӣ мекунанд, то вонамуд кунанд, ки як интихоботи воқеъӣ ҷараён дорад. Мо намехоҳем дар чунин саҳнабозиҳо ширкат кунем."

Аммо бархилофи суханони Исо Қамбар, тарафдорони Алиев мегӯянд, аксарияти аҳолӣ аз президенти феълӣ ҳимоят мекунад. Худи Алиев ду рӯз пеш дар интихобот ҷаласаи ҳукуматро, ки мустақиман аз телевизион пахш мешуд, комилан бо ҳадафи таблиғ истифода кард. Вай гуфт, дар панҷ соли гузашта қариб 750 ҳазор ҷои кор фароҳам овардааст ва ҳоло танҳо онҳое бекоранд, ки танбалу коҳиланд ва кор кардан намехоҳанд. Захираи молии Озарбойҷон ба 17 миллиард доллар расида, сохтмон дар авҷ аст ва дар панҷ сол 1600 мактаби наву даҳҳо варзишгоҳи дараҷаи олимпӣ сохта шудаанд.

Вай афзуд, Озарбойҷонро ба яке аз кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ рушдкунандаи ҷаҳон табдил додааст.

Яке аз интихобкунандагон мегӯяд, вай аз вазъи феълӣ ва ояндаи кишвар қаноатманд аст ва пешрафти бештари кишварашро мехоҳад.

Вале на ҳама чиз ба гунаест, ки расонаҳои давлатӣ ё худи президент мегӯянд.

Мунаққидон ёдовар мешаванд, вақте ки президенти пешин Ҳайдар Алиев дар ростои марг интиқоли қудрати давлатиро ба дасти писараш Илҳом ташкил кард, созмони "Хонаи Озодӣ" Озарбойҷонро як кишвари нимаозод унвон карда буд. Акнун он ноозод аст. Бо истифода аз ҳабсу латукӯб ва мусодираҳо аҳзоби мухолиф ва матбуоти озод ба зону дароварда шуд. Бархе аз журналистон, ки аз ҳукумат интиқод мекарданд, ба қатл расиданд.

Дар ҳоле ки аз рушди иқтисодӣ сӯҳбат мешавад, созмони Шаффофияти Байнулмилал дараҷаи фасодро дар Озарбойҷон яке аз баландтаринҳо меномад ва дар ҳоле ки чанд соли охир нархи нафт дар бозори ҷаҳон ба сатҳи рекордӣ расида буд, даромади миллии кишвар тағйири зиёде надидааст.

Таҳлилгар Кенон Алиев мегӯяд, ҳукумати Озарбойҷон дар давраи раёсати Илҳом Алиенв тавонист, худро аз зери фишори байнулмилалӣ ва дохилӣ дар бобати равандҳои демократӣ раҳо кунад ва тақрибан ба як қудрати худкома табдил ёбад. Вай ва дигар таҳлилгарон мегӯянд, интихоботи 15-уми октябр, бо вуҷуди хилофкориҳои маъракаи пешазраъйдиҳӣ кофӣ хоҳад буд, то нозирон ба он баҳои мӯътадил диҳанд, аммо дар кишвар тағйири муҳиме ба амал наояд. меноманд.
XS
SM
MD
LG