Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теннисбози ҷавони тоҷик – дар ҷои дуввум


Варзишгари тоҷик Бахтиёр Саъдуллоев
Варзишгари тоҷик Бахтиёр Саъдуллоев

Варзишгари тоҷик Бахтиёр Саъдуллоев дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба теннис бахшида ба Рӯзи истиқлолияти давлатии Туркманистон дар шаҳри Ишқобод ҷои дуввумро касб кард.

Теннисбози навраси тоҷик дар сабқати ниҳоӣ аз варзишгари белорус Ярослав Шила бо ҳисоби якхелаи 2:6, 2:6 мағлуб гардид.

Дар ин мусобиқа варзишгарони навраси кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин, Русия, Беларус, Укроин, Олмон, Ҷопон ва Эрон ширкат доштанд.

XS
SM
MD
LG