Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори Созмони Милал аз бӯҳрони нав


Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дод, ки бӯҳрони ҷаҳонии молӣ метавонад, сабаби амиқтар рафтани бӯҳрони ғизо дар ҷаҳон шавад. Жак Дио – мудири Муассисаи озуқа ва кишоварзии Созмони Милал гуфт, хатари рукуди иқтисодӣ метавонад, ҳукумати кишварҳои сарватмандро водор ба коҳиш додани кӯмакҳояшон ба кишварҳои дар ҳоли рушд кунад. Ба гуфтаи Жак Дио, бо вуҷуди он ки имсол ҳосили рекордии ғалладонаро интизор доранд, аммо сар задани бӯҳрони ғизоӣ имконпазир аст. Ҳудуди 36 кишвари ҷаҳон ба далели кам шудани ҳосили ғалладона, ҷангу муноқишаҳо ва болоравии қиматҳо ба кӯмакҳои ғизоии беруна мӯҳтоҷанд.
XS
SM
MD
LG