Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши раҳбарони кишварҳои ИА шурӯъ мешавад


Иттиҳодияи Аврупо дар ростои пешгирӣ аз амиқрафти бӯҳрони ҷаҳонии молӣ “ҳамоҳангсозӣ”-ро шиъор кардааст.

Ва суръату амиқии ин бӯҳрон Иттиҳодияи Аврупоро ба имтиҳони сахте рӯ ба рӯ кардааст. То кунун Иттиҳодияи Аврупо ба боди сахти тӯфони молӣ тоб овардааст. Баъзе аз кишварҳои минтақа чанде аз бонкҳои дар дами маргро наҷот доданд ва 15 кишвари минтақаи воҳиди пулии евро ҳамроҳ бо Бритониё ҷиҳати роҳ надодан ба бадтар шудани вазъ заминаҳоро барои иқдомоти баъдӣ фароҳам карданд.

Акнун интизор меравад, ки 27 кишвари узв барномаеро тасвиб намоянд, ки иҷоза медиҳад, ҳукуматҳо саҳмияҳои бонкҳои хусусиро бихаранд ва замонати ҳифзи пасандозҳои мардумро бидиҳанд. Хосе Мануэл Барросо – раиси Кумиссиёни Аврупо пеш аз оғози нишаст, ҳамоҳангсозии кишварҳои узвро ситоиш карда гуфт: «Ман метавонам бигӯям, ки вокуниши Аврупо ба бӯҳрон бо роҳи худаш ва расидагии ҳамоҳангшуда аст. Аврупо қудрати худ ба вокуниш ва ёфтани роҳи ҳалро нишон дод. Вокуниши бозор нишон дод, ки унсурҳои мусбати роҳи ҳал, на танҳо барои худи Аврупо, балки дар миқёси ҷаҳон низ таъсири мусбат доштааст».

Аммо барномаи наҷоти молӣ барои Иттиҳодияи Аврупо нархи гарон ҳам дорад ва иттиҳодия аҳд додааст, ки омода аст як триллиону ҳаштсад миллиард долларро барои наҷоти низоми молӣ сарф кунад. Аммо буҷаи солонаи худи Иттиҳодияи Аврупо 150 миллиард доллар аст ва аз ин хотир пули даркорӣ барои наҷоти системи молӣ дар сурати зарурат бояд аз кисаҳои кишварҳои узв пайдо карда шавад. Ва ин сабаби ташвиши кишварҳои узви начандон сарватманд аз Аврупои Шарқӣ аст.

Дигар нигаронӣ таъсири бӯҳрон ба буҷаҳои кишварҳост, зеро дар сурати сарф кардани пул барои наҷоти ягон муассисаи молӣ, хароҷот барои арсаҳои иҷтимоӣ кам мешавад, бекорӣ дар ҳоли афзудан аст ва иқтисодҳои бузургтарини Аврупо рӯ ба рукуданд.

Ба ғайр аз бӯҳрони молии ҷаҳонӣ вазирони хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо масъалаи низоъи Русияву Гурҷистонро низ баррасӣ мекунанд. Хосе Мануел Барросо раиси кумиссиёни Аврупо рӯзи сешанбе баъди мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Гурҷистон Михайил Саакашвилӣ ишора кард, ки иттиҳодия омодаи аз сар гирифтани музокироти коршарикӣ бо Русия мебошад.

Аммо ба гуфтаи дипломатҳои иттиҳодия мухолифати сахти Бритониё, Шветсия ва Лаҳистон ва се кишвари соҳили Балтик зоҳиран монеъи қабули қарори зуд дар ин росто хоҳад шуд. Ин ҳафт кишвар мегӯянд, хуруҷи нерӯҳои Русия аз қаламрави Гурҷистон дар ҳафтаи гузашта кофӣ нест ва Русия бояд теъдоди сарбозонаш дар Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро низ кам кунад.

Аммо Фаронса ва Олмон мегӯянд, ғолибан Русияро ин корро нахоҳад кард ва ҳарду кишвар бо тарафдории Кумиссиёни Аврупо мехоҳанд музокироти коршарикӣ бо Русия на дертар аз 10 –уми ноябр аз сар гирифта шавад. Иттиҳодияи Аврупо баъди муноқишаи Русия бо Гурҷистон дар моҳи август, музокироти коршарикӣ бо Русияро муттавақиф кард.

XS
SM
MD
LG