Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи Озарбойҷон идома дорад


Дар Озарбойҷон интихоботи раёсати ҷумҳурӣ идома дорад ва зоҳиран раиси ҷумҳури феълӣ Илҳом Алиев дигарбора барои панҷ соли дигар раиси ҷумҳур интихоб мешавад. Илҳом Алиев бо шаш номзади дигар рақобат мекунад, вале бинобар таҳрим шудани интихобот аз сӯи аҳзоби аслии мухолиф интизор меравад, ки вай ба осонӣ пирӯзӣ ба даст орад. Ба гуфтаи мухолифини Озарбойҷон, ба далели набудани озодиҳои демократӣ ва матбуоти озод ширкат дар интихоботи кори бемаънист. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо 400 нозирро барои назорати интихоботи Озарбойҷон фиристодааст. Кумиссиёни марказии интихобот гуфт, то нисфирӯзӣ 33 дар сади раъйдиҳандагон дар интихобот ширкат кардаанд ва натиҷаҳои муқаддамотии ин корзори муҳими сиёсӣ фардо эълом хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG