Пайвандҳои дастрасӣ

Президент Боқиев ба мақоми дабири Шӯрои амнияти кишвараш собиқ раиси парлумон Адахон Мадумаровро таъйин кард. Ҳафтаи гузашта аз ин мақом Исмоил Исоқов ба истеъфо рафта буд.

Собиқ дабири Шӯрои амният дар мавриди истеъфояш низоми кунунии кишварашро дар бесалоҳиятӣ айбдор карда буд, ва ба дунболи он иброз дошта буд, ки ин ҳукумат қодир нест, аз ӯҳдаи ваъдаҳояш дар назди мардум барояд.

Раисҷумҳури Қирғизистон дар робита ба таъйини Адахон Мадумаров ба мақоми дабири Шӯрои амният гуфтааст, ки вай яке аз меҳанпарастони ҳақиқист. Ба таъкиди президент Боқиев, барои нахустин бор дар кишвараш ба ин мақом шахси мулкӣ таъйин гардид. Вай ҳамчунин тазаккур додааст, ки таъмини амният яке аз вазифаҳои муҳимтарин маҳсуб мешавад ва таҷрибаи Адахон Мадумаров мусоидат хоҳад кард, ки аз ӯҳдаи ин вазифа ба хубӣ баромада тавонад.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи инқилобии Қирғизистон нишасти матбуотӣ баргузор кард. Пешвоёни он фаъолиятҳои ин кумитаро дар мавриди аз роҳи конститутсионӣ аз сари қудрат дур кардани Қурмонбек Боқиев эълом доштанд.

Анвар Ортиқов, яке аз раҳбарони минтақавии Кумитаи инқилобии Қирғизистон гуфт, роҳи конститутсионӣ бо таъсиси намоишҳои эътирозӣ, гирдиҳамоиҳо ва тазоҳурот мебошад, ки дар Қонуни асосии кишвараш зикр гардидааст. Ӯ гуфт, Кумитаи инқилобӣ аз истифодаи силоҳ ҳамеша худдорӣ хоҳад кард. Ӯ гуфт, баъди пирӯзӣ интихоботҳои шаффоф баргузор хоҳад шуд ва тибқи назари мардуми кишвар тарҳи нави Қонуни асосӣ таҳия ва ба тасвиб хоҳад расид.

XS
SM
MD
LG