Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«NYT»: Кишоварзони тоҷик мегӯянд, онҳо ба гарав афтидаанд.


Баъди зиёрат аз ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ва сӯҳбат бо кишоварзони ин минтақа шореҳи рӯзномаи "The New York Times" Дейвид Штерн (David L. Stern) мақолае навишта, аз қавли кишоварзони минтақа изҳор намудааст, ки онҳо ба гаравгони вазъият мубаддал шудаанд.

Кишоварзи шаҳритусӣ Фарҳод мегӯяд, ки ӯ имсол ба як тавтеаи қобили муҷозот роҳ додааст. Фарҳод дар баробари пахта тарбуз коштааст. Шореҳи рӯзномаи "The New York Times" Дейвид Штерн менависад, дар ҷумҳурии камбизоати Тоҷикистон, ки ҳафт миллион аҳолӣ дорад, вазъи аксари кишоварзон шабеҳи ҳоли Фарҳод аст.

Штерн идома медиҳад, ки аслан номи ин кишоварз Фарҳод нест, вале ӯ хавф дорад, ки агар мақомот ӯро пайдо кунанд, майдонҳои киштро валангор хоҳанд кард. Соли равон мақомот ба Фарҳод гуфтаанд, ки мувофиқи хосташ зироат кишт кунад. Вале ӯ ба ин иҷозат бовар надорад.

Дар Тоҷикистон зироати асосӣ пахта ба шумор меравад. Дар сӯҳбат бо хабарнигори "The New York Times" як дипломати хориҷии мустақар дар Тоҷикистон гуфтааст, ки бо истифода аз низоми печидаи қарзу ӯҳдадориҳо ба истилоҳ "фермерҳои тоҷик" побанди заминашон мебошанду маҷбуранд пахта коранд. Ба қавли Дейвид Штерн, имсол чунин пахтакории иҷборӣ натиҷаи фалокатбор дошта метавонад, зеро тобистони хушк кишварҳои Осиёи Миёнаро бо камбуди озуқа мувоҷеҳ кардааст ва созмонҳои байнулмилалӣ дар бораи имкони сар задани бӯҳрони озуқа ҳарф мезананд.

Ба навиштаи муаллифи мақола дар рӯзномаи "The New York Times", пахтакорӣ яке аз сутунҳои иқтисоди Тоҷикистон ва яке аз пояҳои фасод дар ин кишвар буда, аз тарафи ширкатҳои пахтакории зери тасарруфи наздикони раҳбарони давлат назорат мешавад. Ҳар сол мақомоти Тоҷикистону Узбакистон даҳҳо ҳазор муҳассили донишгоҳҳову мактабҳоро ба ғунучини пахта сафарбар мекунанд.

Фарҳод, ки ҳашт фарзанд дорад, ба Дейвид Штерн гуфтааст, ки мушкилиҳои ӯ се сол пеш ҳамзамон бо иҷорагирии замин шурӯъ шудаанд. Вақте колхози онҳо фурӯ рехтааст ва ба Фарҳод тахминан 20 ҳектар замин доданду ҳамроҳ бо он 5 ҳазор доллар қарзи он ҳам бар дӯши Фарҳод вогузор шудааст.

Акнун ширкати коркарди пахта, ки дар ҳоли инҳисорӣ қарор дорад, бо фоизҳои осмонӣ ба Фарҳод қарз дода, сипас пахтаи ӯро бо нархи ночиз харидорӣ мекунад. Фарҳод мегӯяд, ширкатҳои пахта пардохти пулро то 14 моҳ ба таъхир мегузоранду дар натиҷа қарзи кишоварзон ҳар сол калонтар мешавад.

Дар идомаи мақола шореҳи "The New York Times" ёдовар мешавад, соли равон Сандуқи байнулмилалии пул дарёфт, ки ҳукумати Тоҷикистон захираи асъори дар даст доштаашро ҳамчун гарави гирифтани 240 миллион доллар қарз барои ширкатҳои пахта истифода бурдааст. Ин ҳодиса замоне ошкор шуд, ки ҷумҳурӣ дар мобайни зимистони сард бидуни гармиву барқ монда буд. Карлос Пинеруа, собиқ масъули ҳамкориҳои Сандуқи байнулмилалии пул бо Тоҷикистон аснои сӯҳбати телефонӣ бо Дейвид Штерн гуфтааст, ки Сандуқ аз кӯмак ба Тоҷикистон даст намекашад, вале акнун қарзгирии Тоҷикистон осон нахоҳад буд.

Дипломатҳои ғарбӣ ҳам бо ишора ба бӯҳрони молии саросарӣ тахмин мекунанд, ки таъсири он дар Тоҷикистон эҳсос хоҳад шуд.

Масъалаи дигаре, ки муаллифи мақола дар "The New York Times"-ро ҳайрон кардааст, сарнавишти мансабдороне мебошад, ки дар маркази баҳси марбут бо қарзи Сандуқи байнулмилалии пул қарор доштанд. Дейвид Штерн менависад, собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон аз вазифа барканор нашуд, ӯро ба вазифаи боз ҳам баландтар: муовини сарвазир ва масъули ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ таъйин кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG