Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳзоби сиёсии Суғд баъд аз баргузории як маҳфили машваратӣ изҳор доштанд, ки бозбинӣ ва ислоҳи дастурамали Вазорати маориф дар бораи либоси ягонаи мактабиро бо назардошти талаботи Ислом тақозо хоҳанд кард.

Дар дастуруламали мазкур ҳудуди сӣ намуд либос барои мактабиён пешниҳод шудааст ва ба ҳар мактаб ҳаққи интихоби яке аз онҳо дода шудааст. Дар байни онҳо ҳиҷоб ё рӯсарӣ барои духтарон ҷой надорад ва баҳс сари мавзӯи ҳузури духтарон дар мактаб аз ин ҷо оғоз мегирад.

Маҳфили машваратии аҳзоби сиёсии Суғд дар мавзӯи «сатри аврат либоси миллист ё динӣ?» бо иштироки намояндагони мақомоти ҳукумат, идораи маориф, донишмандони исломӣ ва ҳуқуқ ва гурӯҳе аз духтарони хостори дарсхонӣ бо риояти рӯсарӣ ва волидайни онҳо дар Хуҷанд сурат гирифт. Яке аз ин духтарон, ки раҳбарони мактабаш ӯро бо рӯсарӣ ба дарсхона роҳ надодаанд, Ҳафиза Ҳотамова - талабаи синфи 6 – уми мактаби миёнаи рақами 3 – и шаҳри Хуҷанд мебошад. «Директори мактабамон гуфтанд, ки дар таги дари мактаб сатри аврататро аввал кашида, баъд даро. Агар кашӣ - даро, агар накашӣ - ихтиёрат ба худат, гуфта, даромадан намонданд .»

Ҳафиза Содиқова – раҳбари бахши бонувони созмони ҲНИТ гуфт, ахиран ҳудуди 15 нафар духтарони мактабхони Суғд, асосан аз Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба дафтари онҳо дар Хуҷанд шикоят бурданд, ки раҳбарони мактабҳояшон барои рафтани онҳо бо ҳиҷоб ба мактаб монеъ мешаванд.


Саидмухтор Ҷалолов – мудири идораи маорифи вилояти Суғд инро рад намекунад. Аммо вай бар он аст, ки ин амал дар чаҳорчӯби қонуни як кишвари демократӣ сурат мегирад: «Аз рӯи ин дастури либосҳои ягонаи тавсиявӣ, ки ба мо вазорати маориф пешниҳод кардааст, бо сатри аврат омадан ба мактаб мумкин нест. Ин барои мо як санади меъёриву ҳуқуқӣ аст, ки мо бояд онро риоят кунем .»

Вале ба назари Дилшод Обидов – муаллими Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд, иштирокдори маҳфили аҳзоби сиёсӣ ба ҳайси коршинос дастурамали вазорати маориф бо Қонуни асосии Тоҷикистон мувофиқ намеояд. Вай роҳҳалли ин мушкилро дар созиши тарафайн мебинад: «Барои ин, пеш аз ҳама, либоси миллии худро муайян созем. Баъд ин масъаларо ҳал намоем. Ягон тарзи нави либоси миллиро фикр карда бароем, ки ба дину мазҳаби мо мувофиқ бошад.»

Мирзоибодуллоҳ Калонзода, имом – хатиби масҷиди «Нури ислом», ки чун коршинос дар маҳфили машваратӣ ширкат мекард, гуфт, сатри аврат ба ҳайси либоси шаръӣ аз рӯи талаботи шариати исломӣ аст. Ин чиз дар Қуръон баён шуда, фарзияти он ба ҳар мусалмон маълум аст ва намешавад онро дигаргун кард. Вай афзуд, либоси миллии тоҷикиро намешавад аз либоси исломӣ ҷудо кард ва ин ду мафҳум агар як набошанд ҳам, ба ҳам хеле наздиканд. Ба назари вай , як мушкили аслӣ ин ҷост, ки фарқияти либос ба таҳсили духтарон дар мактабҳову донишгоҳҳо монеаҳои сангин месозад ва чӣ қадар духтарони соҳибистеъдод, танҳо бо ин сабаб ки сатри аврат пӯшидаанд, барои таҳсилу кор роҳ намеёбанд.

Вале сарони аҳзоби сиёсии Суғд танҳо дар як ақида муттафиқ буданд, ки либоси урёни аврупоӣ мавриди пазириш чун либоси тоҷикӣ нест. Вале ба назари аксари онҳо сатри аврат низ барои либоси миллии тоҷикӣ бегона мебошад. Файзулло Файзиев – сарвари бахши ҲДТ, ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар Суғд ва ҳамзамон сарвари мактаби рақами 6 – и шаҳри Хуҷанд гуфт, идомаи баҳси сатри аврат барои ҷомеа мушкил эҷод хоҳад кард, чунонки дар ибтидои солҳои навадуми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз баҳсу талошҳои мазҳабии ба назар хурду ночиз сар зад. Ба ҳамон монанд Ф. Файзиев имрӯза баҳси сатри авратро барои ҷомеаи Тоҷикистон таҳмилӣ ва ба хотири моҷароҷӯӣ унвон кард. Вай афзуд, шахсан мухолиф ба дарсхонии духтарон бо сатри аврат нест, аммо ба шарте ки инро қонунҳои Тоҷикистон ошкоро иҷоза бидиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG