Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мурофиаи парвандаи қатли Политковская оғоз меёбад


Normal 0

Имрӯз дар Маскав мурофиаи парвандаи се сокини Чеченистон бо иттиҳоми даст доштан дар қатли хабарнигори маъруфи рус Анна Политковская шурӯъ мешавад. Аммо нафаре, ки тафтишот ӯро қотили аслии Политковская медонад, то ҳол боздошт нашудааст ва ин суоли муҳим, ки дар паси куштори Политковская кӣ меистод, низ бидуни посух боқӣ мемонад.

Вакили мудофеъ Карина Москаленко, ки қарор буд, дар ин мурофиа ширкат кунад, дирӯз гуфт, дар мошини ӯ дар Фаронса нишонаҳои маводи заҳролудаи кимиёӣ пайдо кардаанд ва ин метавонад ҳушдоре ба вай бошад.

Анна Политковская, ки асосан дар бораи нақзи ҳуқуқи башар дар Чеченистони ҷангзада мақолаҳои таҳқиқотӣ менавишт, моҳи октябри соли 2006 дар асари як сӯъиқасд дар даромадгоҳи манзилаш дар Маскав кушта шуд.


XS
SM
MD
LG