Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Русияву Гурҷистон дар Женева


Normal 0

Имрӯз дар Женеваи Швейтсария, ё худ Суис, Русияву Гурҷистон барои нахустин бор баъд аз низоъи низомии моҳи август пушти мизи музокирот менишинанд.

Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун эъмори ҳусни эътимод миёни ин ду ҷонибро ҳадафи аслии музокироти пушти дарҳои баста дар Женева номид. Дар ин нишаст як ҳайъати Амрико ва ҳамин тавр, намояндагони вилоятҳои ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон низ ширкат меварзанд.

Русия, ки истиқлолияти ҳардуро расман эътироф кардааст, ба ширкати ҳатмии онҳо дар музокирот исрор мекунад. Аммо Гурҷистон мухолифи ширкати ҷудоиталабон дар гуфтугӯҳои Женева мебошад.


XS
SM
MD
LG