Пайвандҳои дастрасӣ

БМТ омода ҳаст, ба бонкҳо кӯмаки молӣ кунад


Normal 0

Зебо Фатҳуддинова, мудири бахши равобити байналмилалии молӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон дар як мизигирд дар мавзӯъи “Бӯҳрони молӣ ва таъсири он ба иқтисоди Тоҷикистон” гуфтааст, ин бӯҳрон таъсири мустақиме ба иқтисоди Тоҷикистон надошт, чунки сармояи кишварҳои бӯҳронзада дар бозори бонкии Тоҷикистон ва ҳамин тавр, сармояи бонкҳои Тоҷикистон дар бозори он кишварҳо ҳузур надоранд.

Хонум Фатҳуддинова қарзҳои хориҷии бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистонро дар ҳоли ҳозир 196 миллион доллар баровард кард ва гуфт, Бонки миллӣ дар сурати ба мушкилоти молӣ дучор шудани ин бонкҳо омода ҳаст, ба онҳо дасти ёрӣ дароз кунад.

Ӯ афзуд, аммо бӯҳрони молӣ ба иллати уфтухези қурби асъор метавонад ба пасандозҳои аҳолӣ таъсир гузорад, чунки феълан наздики 65 дарсади пасандозҳо дар бонкҳои Тоҷикистон бо асъори хориҷӣ ва танҳо 35 фоизаш бо пули сомонӣ будаанд.


XS
SM
MD
LG