Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфтугӯи ҳамкорӣ дар қораи Осиё" дар Остона


Normal 0

Рӯзи панҷшанбе, 16 октябр дар Остона, пойтахти Қазоқистон иҷлоси ҳафтуми “Гуфтугӯи ҳамкорӣ дар қораи Осиё” шурӯъ ба кор мекунад. Дар ин нишаст ширкати вузарои хориҷаи тақрибан 30 кишвари қора, аз ҷумла вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ дар назар дошта шудааст.

Қарор аст, вузарои хориҷаи кишварҳои Осиё дар Остона масоили таҳкими ҳамкорӣ дар риштаҳои амнияти ғизоӣ, нақлиёт, энержӣ, молия ва фанновариҳои иттилоотиро баҳс кунанд.

Аммо бо дарназардошти бӯҳрони саросарии молӣ як мавзӯъи аслии ин нишаст вазъи молии ҷаҳон ва таъсири бӯҳрони ахир ба иқтисоди қораи Осиё хоҳад шуд.

“Гуфтугӯи ҳамкорӣ дар қораи Осиё” соли 2002 таъсис ёфта, Тоҷикистон 4 сол пеш ба узвияти он пайвастааст.
XS
SM
MD
LG