Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вакили собиқ Саъдулло Раҳимов дар зиндон даргузашт


Дар як боздоштгоҳи муваққати Қӯрғонтеппа вакили пешини парлумони кишвар аз ноҳияи Мӯъминобод Саъдулло Раҳимов даргузашт. Раҳимов 63 сол дошт ва раиси хоҷагии деҳқонии "Навбаҳор" буд. Ӯро чор моҳ пеш бо иттиҳоми даст доштан дар як қатор ҷиноёт, аз ҷумла куштори инсон, сӯиистифода аз мақоми хидматӣ, бисёрникоҳӣ ва дигар ҷиноёт аз масунияти вакилӣ маҳрум ва мавриди боздошт қарор доданд. Дар гузашта Саъдулло Раҳимов таҳдид кардааст, ки дар сурати ғайримунсифона ҷараён гирифтани муҳокимаи ӯ, даст ба худкушӣ мезанад. Мақомоти додситонии Қӯрғонтеппа мегӯянд, ки Раҳимов бар асари хуруҷи бемориаш даргузашт.
XS
SM
MD
LG