Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи ҷаҳонии "Шустушӯи даст" таҷлил мешавад


СММ дар пешорӯи таҷлил аз нахустин рӯзи ҷаҳонии "Шустушӯи даст" гуфт, ки як амали оддии покиза доштани даст ҳаёти ҳазорҳо кӯдакро ҳар рӯз дар Африқову Осиё аз гирифторӣ ба бемориҳои мухталиф ҳифз хоҳад кард. Сухангӯи бунёди атфоли СММ ё ЮНИСЕФ Вероника Таво гуфт, ки ҳар рӯз 5000 кӯдак бар асари гирифторӣ ба исҳол ё дарди шикам ҷони худро аз даст медиҳанд, дар ҳоле, ки нисфи ин ҳодисаҳоро бо як амали оддии шустани даст пеш аз ғизохӯрӣ ё баъди хоҷатхона ҷилавгирӣ кардан мумкин аст. Бо ҳадафи боло бурдани сатҳи иттилооти кӯдакону волидон дар саросари ҷаҳон чоршанбе 15 октябр ЮНИСЕФ нахустин Рӯзи ҷаҳонии "Шустушӯи даст"-ро баргузор мекунад.
XS
SM
MD
LG