Пайвандҳои дастрасӣ

Милан Кундера: "Ман хабаркашӣ накардам"


Милан Кундера, нависандаи чех гузоришҳоеро роҷеъ ба ин ки гӯё вай дар миёнаҳои солҳои 1950-ум полиси коммунистии Чехословакияро роҷеъ ба як ҷосуси ғарбӣ хабардор кардааст, рад намуд. Кундера навиштаҳои ҳафтаномаи маҳаллии "Respekt"-ро дар ин замина дурӯғи маҳз хондааст. Дар сӯҳбат бо як хабаргузории маҳаллӣ Кундера гуфт: "Ман аз ин хабари ғайримунтазира, ки дирӯз шунидам, дар ҳайрат мондам. Ман ин корро накардаам. Ин як амали ғайри қобили эътимод аст. Вақте нафаре чунин корро мекунад, вай бояд сабабе дошта бошад, ки даст ба ин кор занад. Ман медонам, ки исми ман дар он ҷо ҳаст, вале чӣ гуна он дар он ҷо ворид шудааст, барои ман рӯшан нест. Чӣ тавр ман касеро, ки намешиносам, муттаҳам мекунам?". Дар мақолае рӯзи душанбе ҳафтаномаи "Respekt" навишт, ки Кундера солҳои 1950-ум як донишҷӯи 20-солаи донишгоҳи Прага буд ва ба полис дар бораи як халабони чех бо исми Мирослав Дворачек гузоришҳо дода гуфтааст, ки вай аз ҷониби хадамоти иттилооти ғарбӣ ба ҳамкорӣ ташвиқ шудааст. Дворачек баъди ин 14 сол дар зиндон ба сар бурдааст.
XS
SM
MD
LG