Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА 250 миллиард доллар кӯмакро ихтисос медиҳад


Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш нақшаи ҳукуматро барои харидории саҳмияҳои бонкҳо ба хотири таъмини эътидоли низоми бонкдорӣ эълон кард. Бо пахши изҳороте имрӯз дар Кохи Сафед вай гуфт, ки давлат инчунин қарзҳои берунаи бонкиро барои эҳёи дубораи бозори қарз кафолат медиҳад. Ҷорҷ Буш гуфт: "Мо як стратегияи фарогир ва тағйирпазире дорем, ки масъаларо аз решааш ҳал хоҳад кард. Давлатҳои ҷаҳон барои муқобила бо ин чолиш ҳамкорӣ мекунанд ва бо эътимод ба нафс ва азми қавӣ мо иқтисодамонро ба роҳи пешрафту шукуфоӣ бар хоҳем гардонд". Вазири дороии Амрико Ҳенрӣ Полсон имрӯз гуфт, ки ҳукумат саҳмияҳои бонкҳои дучори мушкилшуда, аз ҷумла чанд бонки азимтарини кишварро ба маблағи 250 миллиард доллар харидорӣ хоҳад кард. Маблағҳои мазкур бахше аз нақшаи наҷоти ҳукумат ба маблағи 700 миллиард доллар мебошад, ки моҳи ҷорӣ аз ҷониби Конгресси Амрико пазирифта шуд. Полсон афзуд, ки нӯҳ бонки бузурги кишвар барои қабули ин кӯмак розӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG