Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронӣ аз амнияти ғизо дар Тоҷикистон


Бино бар он ки беш аз 60 дар сади аҳолии Тоҷикистон дар зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд ва қиммати ғизо дар бозорҳои кишвар ба таври бесобиқа боло рафтааст, Тоҷикистон зимоми амнияти ғизоро аз даст додааст - ба чунин назаранд таҳлилгарони масоили иқтисодӣ.

Онҳо мегӯянд, дар ҳоле ки танҳо 30 дар сади маводи ғизои аввалия аз қабили орду равған, гӯшт ва сабзиҷот дар дохили кишвар истеҳсол мешавад ва 70 дар сади он аз хориҷа интиқол меёбад, ин кишварро метавон аз қабили кишварҳои осебпазири ҷаҳон донист.

Тоҳири Абдуҷаббор, иқтисоддони шинохтаи тоҷик дар ин замина мегӯяд, яке аз мушкилоти аслие, ки дар роҳи амнияти ғизо меистад, ин аст, ки гурӯҳҳои манфиатдоре дар кишвар зиёданд, ки намегузоранд, то техникаву таҷҳизот ва тухмиву истифодаи замин ба манфиати аҳли ҷомеъа истифода шавад. Оқои Абдуҷаббор ба таври мисол аз корхонаҳои муштараки тавлидоти маводи ғизо ва техникаву мошинолоти кишоварзӣ ёдовар шуд ва гуфт, дар сурати мунсифона истеҳсол ва истифода кардани чунин тавлидот мешавад то андозае амнияти ғизоро дар Тоҷикистон ба вуҷуд овард.

Назрулло Дадобоев – сухангӯи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, бо иллати анҷоми нокофии механизми татбиқ ва танзими барномаҳо ва қонунҳои ҷории ҳукумат амнияти ғизоии сокинон дар соли ҷорӣ зери суол қарор дорад. Сокинони кишвар аз ҷумлаи мусоҳибони хабарнигори Радиои Озодӣ низ амнияти ғизоии худро дар ин сол, дар остонаи фасли зимистон, нокофӣ медонанд.

Бонки ҷаҳонӣ ахиран Тоҷикистонро аз қабили кишварҳои фақиртарин ва осебпазири ҷаҳон аз ҷиҳати амнияти ғизо донист. Ахиран СММ аз кишварҳои ёрирасон тақозо кард, то ҷиҳати ҳалли мушкилоти ғизо ба Тоҷикистон наздики 35 миллион доллари амрикоӣ кӯмак кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG